АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Инчунин, бар зидди ин ҳашарот истифодаи келтан низ аз аҳамият холӣ нест. Сарфи ин заҳрихимикат 1 кг дар 1 га бо сарфи 400 литр об мебошад.
Обмонии картошказор. Аз сабаби он, ки картошкаи тобистона дар вақти нисбатан ҳарорати баланди ҳаво парвариш меёбад ба реҷаи обмонӣ ва намнокии хок эҳтиёҷи калон дорад.
Дарозии ҷўйякҳо ба сифати обмонии картошказор вобастагии калон дорад ва дарозии қаторҳо бояд 60- 80 м ташкил намояд.Обмонии аввали картошказор баъди 2-3 рўз гузаштан аз шинондани лўндаҳо оғоз мегардад. Ин обдиҳиро инчунин обдиҳии ёридиҳанда низ меноманд, чунки вай барои сари вақт баромадани лўндаҳо кўмак мерасонад. Баъди обдиҳии якум ба картошказор дар ҳар 5-6 рўз як бор обмондан зарур аст. Ба картошказори тобистона дар маҷмўъ бояд 10-12 маротиба об дода шавад.
Обдиҳии картошказори тобистона 5-6 рўз пеш аз чидани ҳосил бояд қатъ гардад.
Чидани ҳосил. Дар бисёр ноҳияҳои ҷанубии мамлакат ба ғуну чин намудани ҳосили картошкаи тобистона дар охири моҳи октябр шурўъ менамоянд. Чидану дар анборхонаҳо ҷойгир намудани ҳосили картошка дар минтақаҳои ноҳияҳои водии ҷумҳурӣ бояд то охири моҳи ноябр ба охир расад. Чидани ҳосили картошка метавонад ба воситаи картошкачинакҳо, бо ёрии ҳайвонҳои корӣ ё ин ки дастӣ сурат гирад. Лўндаҳои картошка агар як- ду рўз зери офтоб дар саҳро хушк карда шуда, баъд дар анборхона ҷойгир гарданд, барои беҳтар нигоҳдории онҳо то баҳор кўмак мерасонад.
Қабати ғафси ғарами лўндаҳо бояд аз 1,0- 1,5 метр зиёд набошад. Ҳарорати анборхонаҳо дар фасли зимистон бояд +3–+5 °C бошад. Лўндаҳои картошкаи дар тобистон парвариш ёфта, метавонанд, ки ба сифати тухмӣ барои соли оянда истифода гарданд. Метавон лўндаҳои тухмиро баъди каме хушконидан, ки вазнашон 30-60 грам аст дар охири моҳи ноябр ё ин ки то моҳи феврал дар анборхона нигоҳ дошта, онро барои ба даст овардани картошкаи барвақтӣ дар ноҳияҳои водӣ кишт намуд. Лўндаҳои аз 60 г вазнинтарро ба сифати хўрока ё ин ки ба бозор бароварда фўрухтан ба фоидаи иқтисодии кор мебошад. Дар зери хок нигоҳ доштани лўндаҳо барои сарфи зиёдатӣ нагаштан кўмак расонида, онҳоро тоза ва хуб то баҳор нигоҳ дошта мешаванд.
Вале, пеш аз ба чунин тарзи нигоҳдорӣ, лўндаҳо бояд нағз муоина гашта, лўндаҳо захмин дар қабати анбўҳи тухмӣ набошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё