АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Сарфии умумии нуриҳои маъданӣ дар 1 га вобаста аз дараҷаи ғизонокии хок метавонад чунин бошад, нуриҳои нитрогенӣ 100-120 кг, нуриҳои фосфордор – 100-120кг ва нуриҳои калийдор- 120- 140 кг дар 1 га (бо намуди моддаҳои таъсиркунанда) мебошад.
Коркарди байни қаторҳо. Коркарди якўми байни қаторҳои картошказори тобистонаро дар вақти саросар нешзада баромадани ниҳолҳо ё ин ки баъди 10-12 рўз пас аз шинондани ниҳолҳои пешакӣ сабзонидашуда, гузаронидан лозим аст. Дар ин коркард ниҳолҳо бо ёрии култиваторҳои тағмаи КОН-2,8П ё ин ки КРН-4,2 гузаронида мешавад. Ин корро метавон бо ёрии ҳайвонҳои корӣ ё ин ки дастӣ низ ба ҷо овард.
Дар коркарди якуми байни қаторҳо органҳои нармкунанда, дастакҳои стрелкагӣ (стрелчатые лапы) бояд дар мобайни ҷўйяк дар чуқурии 10-12 см ва дар масофаи 12-14 см аз ниҳолҳо гузошта шаванд. Дар ин коркард ғизодиҳии якуми картошказор ва бояд хокашакҳо гузошта гашта, хоки даруни ҷўйякҳо бояд каме кашида гардад, то ин ки барои обмонии картошказор мусоидат намояд. Дар байни коркарди якум ва дуюми картошказор бояд як маротиба картошказор дастӣ хуб нарм карда шавад.
Коркарди дуюми картошказорро баъди шонабандии ниҳолҳо бо якҷоягӣ бо гузаронидани ғизодиҳии дуюми он ва хоккаш намудани қаторҳо бояд гузаронида шавад.Дар он ҷое, ки ҳамаи ин чорабиниҳо бо ёрии ҳайвонҳои корӣ ё ин ки дастӣ иҷро мегарданд, вақти гузаронидани ин чорабиниҳо бе тағйир мемонанд.
Муборизаи зидди ҳашароту касалиҳои картошказори тобистона.
Ба картошказори тобистона асосан кирми тирамоҳӣ ва кирми ғўза таъсири манфӣ мерасонанд. Инчунин метавонад дар ин картошказор касалиҳои занбурўғии фитофтороз ва макроспориоз таъсири манфӣ расонанд. Чорбаиниҳои зидди ин ҳашаротҳо ва касалиҳоро мо дар бандҳои парвариши картошкаи барвақтӣ овардаем ва Шумо метавонед аз он тавсияҳо истифода баред. Вале, дар баргу пояи картошкаи тобистона киштшаванда бисёртар ширинчаҳо ва тортанаккана пайдо гашта, боиси кам гаштани ҳосили ниҳолҳо мегардад. Аз моддаҳои химиявӣ ба муқобили тортанакканаҳо сулфур ба намуди маҳлул ё ин ки хока тавсия дода мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё