АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Бо ин усул метавон аз миқдори ками тухмӣ бисёртар кишти ин зироатро гузаронид.
Барои афзун гардонидани миқдори ниҳолҳо инчунин метавон аз чашмакҳои алоҳидаи лўндаҳо низ истифода бурд. Барои ин чашмакҳои лўндаҳоро бо каме аз қисми лўнда бурида, дар хокистар ё ин ки дар хокаи хушки ТМТД молиш дода, баъд чашмакҳоро дар зери қум ё ин ки хоку поруи пўсида сабзонида, баъд ба замин гузаронидан лозим аст. Ин усул низ барои аз миқдори ками тухмӣ ба даст овардани ниҳолҳои киштшаванда кўмак мерасонад.
Ғизодиҳии картошказори тобистона. Картошкаи дар тобистон киштшаванда низ ба ғизодиҳӣ эҳтиёҷ дошта, ҳосилнокии вай аз дараҷаи таъмин будани замин аз моддаҳои ғизоӣ вобастагӣ дорад. Ба замине, ки дар он картошкаи тобистона кишт карда мешавад, ҳамаи миқдори зарурии нуриҳои фосфорӣ ва калийдорро бо ҳамроҳии 15-20 тона поруи пўсида пеш аз шудгор ба замин андохтан лозим аст. Ин намуди нуриҳои маъданиро инчунин дар давраи ҷўйяккашӣ ё ин ки дар вақти шинондани лўндаҳо метавон ба замин андохт. Нуриҳои нитрогендорро метавон 40 фоизашонро дар вақти кишт ва дар вақти ғизодиҳии якум (30фоиз) ва дуюм (30фоиз) ба замин андохт. Ғизодиҳии якуми картошказорро дар вақте, ки ниҳолҳо аз зери хок баромада, қадашон 8-10 см бошад, гузаронидан лозим аст. Нуриҳо бояд дар чуқурии 12-14 см ва дар чунин масофа аз танаи ниҳолҳо дурр андохта гарданд.
Дар ин ҳолат инчунин хоки даруни ҷўйякҳо бояд каме кашида гардад, то он ки об бе монеагӣ дар ҷўйякҳо ҷорӣ гардад.
Ғизодиҳии дуюми картошказорро бо нуриҳои нитрогенӣ дар давраи шонабандии ниҳолҳо ё ин ки баъди 30 рўз аз баромади ниҳолҳо гузаронидан лозим аст. Ғизодиҳии дуюмро дар чуқурии 14-16 см бо ҳамроҳии хоккаш намудани қаторҳо анҷом додан лозим аст. Дар давраи саросар гул кардани ниҳолҳо гузаронидани як ё ин ки ду маротиба оби шарбатдор (яъне ғизои иловагӣ, ки аз омехтаи нуриҳои органикию минералӣ, ки дар об ҳал гаштаанд) боиси афзун гаштани ҳосил мегардад.
Агар картошказор аз парвардаҳо парвариш ёбад, ғизодиҳии нуриҳои нитрогениро дар ду давра гузаронидан лозим аст.
Ғизодиҳии якуми ниҳолҳоро баъди 12-15 рўзи шинондани парвардаҳо ( ба миқдори 50 фоизи миқдори зарурии нурҳо) ва ғизодиҳии дуюмро ( 50 фоизи боқимондаи нуриҳоро) дар давраи шонабандии ниҳолҳо ё ин ки баъди 18-20 рўз аз давраи ғизодиҳии якум гузаронидан лозим аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё