Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Боби 5. СЕЛЕКСИЯИ КАРТОШКА
5.1. Нишонаҳои селексионии картошка Навъҳои картошка метавонанд техникӣ, озўқавӣ, барои хўроки чорво ва умумӣ (универсалӣ) бошанд. Хусусиятҳои асосии навъҳои картошка, ки аз руи онҳо ин ё он навъро фарқ мекунанд инҳо мебошанд% мўҳлати расидани ҳосил, миқдори моддаҳои қизоӣ дар таркиби лўндаҳо, ҳосилнокӣ, миқдори карбогидратҳо, сафедаҳо, витаминҳо, глюкозоидҳо, моддаҳои минералӣ ва ғайраҳо.
Серҳосилӣ. Ин нишонаи мураккаби полигенӣ (бисёргенӣ) ба шумор рафта, асосан аз миқдору вазни лўндаҳои ниҳолҳо вобаста мебошад. Миқдори лўндаҳо ба миқдори пояҳое, ки дар ниҳоли (бехи) картошка пайдо мегарданд алоқаманд аст. Дар як пояи ниҳол вобаста аз дараҷаи агротехникаи парвариш метавонад аз 2 то 5 дона лўнда пайдо гардад.
Ҳаҷми лўндаҳо, ки ба ҳосилнокӣ таъсир мерасонад аз ҳосилхезии замин ва парвариши хуби ниҳолҳо вобастагӣ дорад.
Олимон барои ба даст овардани навъҳои серҳосил пеш аз ҳама дар натиҷаи дурагакунӣ аз интихоби навъҳои серҳосили ин зироат истифода мебаранд, ки ин натиҷаи дилхоҳ медиҳад.
Инчунин барои баланд бардоштани ҳосилнокии навъҳо, селексионерон усулҳои интихоби сунъии ниҳолҳои серҳосиле, ки дар байни ниҳолҳои ин ё он навъ пайдо мегарданд, дар просесси мутагенез низ истифода мебаранд. Дар натиҷаи интихоби сунъӣ ва санҷиши ҳаматарафаи ин бехҳои серҳосил (клонҳо) метавон навъи серҳосилро низ ба даст овард.
Тезпазӣ. Дар истеҳсолот навъҳои картошка оид ба мўҳлати пўхта расидани ҳосили лўндаҳо ба панҷ гурўҳ ҷудо мешаванд; навъҳои барвақтӣ,, ки ҳосилашон дар муддати 50-60 рўз мепазад (аз рўзи аз зери хок баромадани ниҳолҳо), пешпазакдар муддати 60-80 рўз, миёнапазак- дар муддати 80-100 рўз, дерпази миёна- 100-120 рўз ва дерпаз, ки ҳосилашон дар муддати зиёда аз 120 рўз аз рўзи баромадани ниҳолҳо пухта мерасад.
Навъҳои тезпаз нисбат ба навъҳои миёнапаз ва дерпаз камҳосил мебошанд, чунки баргу пояи онҳо нисбатан тез хушк мегардад ва ин навъҳо ба касалиҳо нисбатан кам тобовар мебошанд. Дар просесси дурагакунӣ нишонаи тезпазӣ нисбати нишонаи дерпазӣ ҳамчун нишонаи мағлубкунанда (доминантӣ) зоҳир мегардад.

пешина
аз 99
навбатӣ