АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Дар заминҳое, ки дар онҳо нематодаи картошка пайдо гаштааст, дар давраи 4-6 сол кишт намудани ҷуворимакка, ғалладонагиҳо ва зироатҳои хўроки чорво(ба монанди қатрборон (эспарст), юнучқа ва ғайраҳо) тавсия дода мешавад.
Барои нест сохтани нематодаҳо инчунин, аз моддаҳои химиявӣ низ истифода бурдан зарур аст. Барои ин аввали баҳор дар заминҳои нематода пайдогашта, пеш аз шудгори баҳорӣ заҳрохимикати тиозанро (1,5 тона дар 1 га) ё ин ки карбатионро (бо сарфи 1,5-2,0 тона дар 1га) пошида, баъд гузаронидани шудгор ва кишт наимудани ғалладонагиҳо ба фоидаи кор мебошад. Дар тирамоҳ бошад баъди дарав намудани ҳосили ғалладонагиҳо ба ин қитъаҳои заминҳо боз ҳамон қадар моддаҳои химиявии дар боло истифодашударо (тиозан ё карбатионро) пошида, шудгори тирамоҳӣ гузаронидан лозим аст. Ин корро як чанд сол бояд такрор намуд, то ин ки нематодаҳо дар хок несту нобуд гарданд.
Ба ҳосилнокии картошказор дар шароити ноҳияҳои кўҳӣ ва наздикўҳӣ махсусан касалии микоплазмагии столбури ниҳолҳо (пажмурдашавии столбурӣ) хеле таъсири бад расонида истодааст. Нишонаҳои ин касалии вазнини картошка чунинанд, дар аввали баҳор лўндаҳои гирифтори ин касали ё инки майса пайдо намекунанад ё ин ки майсаи хело борику сафед дар онҳо пайдо мегардад, ки деҳқонон чунин лўндаҳоро «нарак» меноманд ва онҳоро аз лўндаҳои солим ҷудо карда намекоранд. Ин чунин дар зимистон дар вақти дар анбохона нигоҳ доштани лўндаҳо дар қисме аз гирифтори ин касали гаштаи лўндаҳо дар лўндаҳо лўндачаҳои хурди ранги сафед дошта пайдо мегардад, ки ба фикри мо ин нишонаи баланд будани миқдори микоплазмаи столбур дар лўндаҳо буда, боиси ин ҳолати лўндаҳо мегардад. Ин касалӣ дар давраи гулкунии ниҳолҳо авҷ гирифта, боиси пажмурдашавӣ баргу поя ва лўндаҳои ҳосил мегардад. Баргҳои картошка аксар вақт хурд гашта, дар паҳлуи баргҳои картошка ранги антосионӣ (бунавшу зард) пайдо мегардад. Дар бағали баргҳои поя бошад баъзан лўндачаҳои хурди дар қисми сарии лўндаҳо баргҳои хурд дошта низ дучор мегардад. Чунин лўндачаҳоро «лўндачаҳои ҳавоӣ» меноманд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё