Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Ба муқобили ин зараррасони хавфнок пеш аз ҳама чораҳои агротехникии мубориза, ба монанди киштгардон, яхобмонии қитъаҳои заминҳо дар фасли зимистон, нигоҳ доштани намнокии мўътадили хок (65-85 фоиз) ва сари вақт гузаронидани коркарди байни қаторҳоро тавсия кардан мумкин аст.
Инчунин, барои фавран нест сохтани ин зараррасон аввали баҳор гузаронидани кишти «фиребдиҳанда» дар майдони 0,15-0,20 га бо истифодаи майсаҳои сабзидаи картошка аҳамияти калон дорад. Барои ин майсаҳои сабзидаро аз лўндаҳои картошка ҷудо намуда, пеш аз 15-20 рўзи кишти картошка дар замин шинондан лозим аст. Қунғўзҳои аз зери хок, ки аввали баҳор ба берун мебароянд гурўсна буда, ба баргу танаи майсаҳо тез ҷамъ мегарданд ва онҳоро бо осонӣ чаъоврдна нобуд сохтан кори осон мегардад. Инчунин, дар киштзорҳои картошка низ сари вақт бо роҳи дастӣ чида нест кардани кунғузу кирминаи ин ҳашарот тавсия карда мешавад. Вале, ин чорабинии зарурии мубориза бар зидди ин ҳашаротро дар минтақаҳои картошкапарварӣ бояд ҳамаи картошкапарварон дар як вақт ва дар якҷоягӣ иҷро намоянд. Дар баъзе ноҳияҳо ба монанди Ҷиргатол, Кўҳистони Мастчоҳ ва дигар ноҳияҳо барои нест кардани ин ҳашарот мурғҳои хонагӣ ва индукҳоро низ истифода мебаранд ва ин самараи хуб низ медиҳад.
Бо роҳи ба воситаи истифодабарии моддаҳои химиявӣ ба мисли десис, нерел-де, фюре, би -58 ба муқобили гамбуси колородӣ низ мубориза бурданро тавсия дода мешавад. Сарфи ин заҳрохимикатҳо аз 0,5 то 1 кг дар 1 га бо ҳамроҳии 400 литри об мебошад.
Дар шароити ноҳияи Ҷиргатол солҳои охир нематодаи картошка зарари калон расонида истодааст. Ин фитогелминтози картошка низ солҳои 80-уми асри гузашта ба воситаи тухмӣ аз берун ворида гардонида шуд. Ин кирми хурди микроскопӣ буда, дар решаву пояи картошка афзоиш ёфта, ниҳолҳои картошкаро дар давраи шонабандӣ ва гулкунӣ хушк мегардонад. Нематода дар хок, дар шакли систа, қобилияти ҳаётиашро то 10-15 сол нигоҳ медорад.
Чораҳои зидди нематода риоя намудани қоидаҳои карантинӣ, то ин ки дар дигар ноҳияҳо паҳн нагардад. Инчунин, бештар кишт намудани навъҳои ба нематодҳо тобовар низ кўмак мерасонад.

пешина
аз 99
навбатӣ