Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Ин касалӣ асосан ба воситаи ширинчаҳо ва дигар ҳашаротҳои саҳроӣ аз растаниҳои касал ва алафҳои бегонаи гирифтори ин касалиҳо ба ниҳолҳои солим гузашта, боиси паст гаштани сифати тухмии картошка ва ҳосилнокӣ дар солҳои яонда мегардад. Муборизаи зидди ин касали асосан нест сохтани ҳашаротҳо бо роҳи истифодаи модаҳои химиявӣ ва гузаронидани саривақтии тоза намудани киштзор аз ниҳолҳое, ки нишонаҳои касалиро доранд иборат мебошад. Дар картошказори дерӣ дар минтақаҳои кўҳистон инчунин кирми тирамоҳӣ, кирмҳои зарди симшакл ва касалии занбурўғии фитафтороз, макроспориоз ва ғайраҳо вомехўранд, ки барои нест сохтани онҳо маълумот дар боби парвариши картошкаи барвақтӣ оварда шудааст ва метавон аз он тавсияномаҳо истифода намуд.
Чидан ва нигоҳдории ҳосил. Дар бисёр ноҳияҳои кўҳсори мамлакат ба ғуну чин намудани ҳосили картошка моҳҳои август, сентябр ва октябр шурўъ менамоянд. Чидану дар анборхонаҳо ҷойгир намудани ҳосили картошка дар минтақаҳои кўҳсор бояд зери ҳавои хушки тирамоҳ сурат гирад. Чунки, дар аксар ноҳияҳои кўҳсор аксар вақт хунукиҳои барвақтӣ ва боронҳои пай дар пай метавонанд ба нобуд гаштани ҳосил оварда расонад.
Мўҳлати ҷамъоварӣ намудани ҳосил албатта аз тезпазии навъ ва мўҳлати кишти ин зироат вобастагии калон доард.
Таҷрибаҳои илмӣ ва амалӣ нишон медиҳанд, ки навъҳои миёнапаз ва терпаз дар шароити ноҳияҳои кўҳистон нисбат ба навъҳои тезпаз ҳосили бештар медиҳанд. Бинобар ин, дар ноҳияҳои кўҳистон давраи беҳтари чидани ҳосили навъҳои картошкаи дерӣ аз нимаи дуюми моҳи сентябр то нимаи дуюми моҳи октябр ба шумор меравад. Чидани ҳосили картошка метавонад ба воситаи картошкачинакҳо, бо ёрии ҳайвонҳои корӣ ё ин, ки дастӣ сурат гирад. Лўндаҳои картошка агар як- ду рўз зери офтоб дар саҳро хушк карда шуда, баъд дар анборхона ҷойгир гарданд, барои беҳтар нигоҳдории онҳо то баҳор кўмак мерасонад. Албатта як қисми лўндаҳо дар вақти чидан захмдор гашта, қобилияти нигоҳдории онҳо аз байн меравад. Бинобар ин, баъд аз дар анборхона ҷойгир намудани лўндаҳои чидашуда, баъди гузаштани 12-15 рўз бояд ба дастгузаронидании онҳо ( сортировка) шурўъ намуд.
Дар анборхонаҳо барои нағз нигоҳ доштани лўндаҳо дар зери онҳо аз тахта фарши сўрох сохтан лозим аст, то ин ки аз қабати лўндаҳо ҳаво гузарад.

пешина
аз 99
навбатӣ