Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Дар давраи шонабандӣ ва гулкунӣ намнокии қабати хок дар минтақаи решаи картошка бояд 70-80 фоизро ташкил намояд.
Ғизо.
Картошка барои инкшофи мўътадилаш нисбат ба дигар зироатҳо ба ғизо бештар эҳтиёҷ дорад.
Аз хок ҷабида гирифтани моддаҳои ғизоӣ, ба боду ҳаво, технологияи парвариш, ҳосилхезии хок, навъ ва аз дигар омилҳо вобаста аст. Таҷрибаҳои олимони гуногун нишон медиҳанд, ки ба ҳисоби миёна 100 сентри картошка (бо якҷоягии баргу пояаш ва лўндаю решаҳо) аз хок қариб 50кг нитроген, 20кг фосфор ва 90кг калийро истифода мебарад. Аз сабаби оне, ки решаи картошка он қадар тарақӣ наёфтааст ва бештар дар қабати болоии хок ҷойгир аст, бинобар он ин картошка нисбат ба дигар зироатҳҳо ба ғизодиҳӣ эҳтёҷи калон дорад. Барои ба даст овардани ҳосили баланди картошка инчунин ғизодиҳии он бо нуриҳои микроэлементӣ ба монанди бор, мисс, марганес, йод, рўҳ, кобалт, молибден ва ғайраҳо аҳамияти калон доранд ва ин нуриҳо то 10-15 фоиз ҳосилнокии картошкаро зиёд мегардонанд.
4.2.Тавсифи агроэкологии ноҳияҳои картошкапарварӣ Тоҷикистон – чумҳурии кўҳист ва 93 фоизи масоҳати онро кўҳҳо ишғол менамоянд. Шароити экологии ноҳияҳои дар водӣ ҷойдошта, аз шароити экологии ноҳияҳои наздикўҳӣ ва кўҳӣ ба куллӣ фарқ менамояд. Аз ин сабаб соҳаи асосии кишоварзӣ дар ноҳияҳои водӣ асосан пахтакорӣ буда, дар ноҳияҳои наздикўҳӣ ва кўҳӣ бошад бахшҳои ғаллакорӣ, боғдорӣ, картошкапарварӣ ва чорводорӣ бештар тараққӣ ёфтааст.
Картошка аз сабаби оне, ки дар шароитҳои гуногуни иқлиму хок афзоиш меёбад, дар Тоҷикистон дар ҳамаи ноҳияҳои агроэкологӣ парвариш карда мешавад.

пешина
аз 99
навбатӣ