Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Ниҳолҳои картошка ба хунукии қаҳратун тобовар набуда, ҳарорати минуси 1,5–2,0 °C дар муддати 5-6 соат онҳоро нобуд месозад. Чунин ҳарорати паст барои лўндаҳо низ хатар дорад.
Равшанӣ. Картошка зироати равшанидўст буда, рўзи кўтоҳро нағз ҳис менамояд. Аз сабаби камии равшанӣ картошка инкишоф наёфта, танаи ниҳолҳо борику дароз мегардад. Бинобар ин тарзи кишти картошка бояд тавре сурат гирад, ки ба ниҳолҳо бисёртар нури офтоб расад. Сатҳи умумии баргҳои картошказори як гектар дар вақти шонаву гулкунӣ агар ба 40-50 ҳазор м2 баробар бошад, барои нағз истифода бурдани нури офтоб ва баланд гаштани просесси фотосинтез ва афзудани ҳосил мусоидат менамояд. Барои нашъу намои хуби картошка рўзи кўтоҳ, яъне давомнокии равшанӣ ҳар рўз 8-10 соат бошад кифоя мебошад.
Барои нашъу намои хуби баргу поя ва узвҳои генеративии картошка рўзи кўтоҳ аҳамият дорад. Лўндаҳои картошка дар зери равшанӣ сабз мегарданд. Ки ин барои гирифтор нагаштани онҳо ба ҳар гунна касалиҳои занбўрўқӣ ва бактериявӣ кўмак мерасонад. Аз таъсири зиёди равшанӣ дар лўндаҳои картошка хлорофилл зиёд гашта, миқдори модаи заҳрноки соланин меафзояд (аз 2-10 то 30мг дар 100 г вазни лўндаҳо).
Ҳаво ва намнокӣ. Картошка барои решарониаш дар қабати хок ва афзоиши хуби баргу пояаш ба миқдори зарурии ҳаво эҳтиёҷи калон дорад. Миқдори сарфи ҳавои як шабонарўзаи решаи картошка тақрибан 1 мг/грамм моддаи хушкро ташкил менамояд. Кавокии қабати хок барои ҳавогирии реша аҳамияти калон дорад. Картошка дар хокҳое, ки вазни хосашон 1,0- 1,2 г/см3 ва ковокии он 20-30 фоизро аз миқдори умумии ковокӣ ташкил медиҳад, нағз нашъу намо меёбад ва ҳосили хуб медиҳад.
Решаи картошка нисбат ба лўндаҳои он ба ҳаво серталаб буда, дар як шабонарўз аз 8 то 16 мг гази карбонро дар натиҷаи нафаскашӣ (як грамми моддаи хушки решаҳо) хориҷ менамояд.
Дар сурати нарасидани ҳаво дар зери хок лўндаҳои картошка мепўсанд.
Барои ба даст овардани ҳосили баланди картошка намнокии хок аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Дар як гектар картошказор дар сурати ҳосилнокиаш 30 тонна будан, сарфи об дар хокҳои вазнин 3000м3 ва дар хокҳои регдор 4000м3 -ро ташкил медиҳад.
Намнокии хок дар давраҳои гуногуни инкишофи картошка бояд 60-80 фоизро ташкил намояд.

пешина
аз 99
навбатӣ