Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳам дил ба даст ояду ҳам ёр наранҷад, ҳамин хел?
– Бале…


– Даврон, ҳо Даврон!
– Лайлӣ, шумоед?
– Боз кӣ мешуд? Панҷ дақиқа пушти даратон овоз медиҳам, вале аз гўр садо меояду аз ин хона не. Агар туфлиҳоятон намешуданд, гумон мекардам, ки касе дар хона нест.
– Ба ошхона гузаред, ман ҳозир.
Лаҳзае пас Даврон омаду ба чойҷўш об гирифта, болои газ монд, сипас болои курсие нишасту ба тарафи духтар нигарист. Нигоҳаш ҷўёи савол буд. Ў фаҳмидан мехост, ки дар боло чӣ гапу хабар? Фаҳмидан мехост, ки оё боло аз бори овардаи Солеҳ Ҷалил хабардор аст ё на.
Лайлӣ аз нигоҳи ў мақсадашро пай бурд, вале худро ба даст гирифта, нигоҳашро аз нигоҳи мулло гурезонд. Бигузор савол диҳад, чун сухан аз забонаш барояд, ман ўро бо сухани худаш ба дом печонам, чунон печонам, ки нафас дар гулўяш дармонад.
– Хайр, ягон гап занед.
–Чӣ гўям?
– Ҳарчӣ дилатон хоҳад. Гўед, ки дар берун чӣ гапҳои тоза.
– Чӣ худат дар зиндон будӣ?
– Байни ин чор девори бетонӣ бароям зиндон буд. Мисли гўр, на пари парвона ёбию не садои булбул шунавӣ.
– Ҷоғам ба дард омад, то туро бедор кардам. Рўзи дароз бекор нишастию чунон хоби бароҳат рафтӣ, ки…
– Тамоми шаб хобам набурд. Аз як паҳлу ба паҳлуи дигар ғел задам, шонаҳоямро дард гирифт. Сари субҳ хобам бурдааст. Пайи қадаматон вазнин будааст.
–Чӣ хел вазнин?
– Мисли гург.
– Ҳеҷ нафаҳмидам, ки чӣ тавр пайи қадами одамӣ ба гург монанд будааст.

пешина
аз 513
навбатӣ