Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Умуман ба ҷиноят даст заданро аз рўйи рашк чун назария пешниҳод мекунам.
– Гуфтаниед, ки оне ки қасди ҷони Солеҳ Ҷалил намудааст, дилдодаи Сабоҳати Маҳмад аст?
– Инашро намедонам, вале ҳамчун назари ба инобат гирифтани он аз манфиат берун нест ва мо низ на баҳри пешниҳоди назарияҳои хеш ба ин ҷо омадем.
– Медонам. Акнун ман ҳам чун худи шумо аз тақдири тифл ва Сабоҳат дар ташвишам. Агар дар ҳақиқат ў бо тифлаш нияти меросхӯр шудан дошта бошанд, ба ягон кор даст нахоҳад зад ва ҳамаи нигаронии мо дар ин самт беҳуда аст. Чун мо марому мақсади Сабоҳатро намедонем, беҳтар мешуд, ки шумо бо ваколатҳои хеш ин корро пешгирӣ мекардед. Рафту духтар қасд ба ҷони х , мо сарамонро ба куҷо мезанем?
-Ман дар ин бора бо Ҳамид Ҷовид суҳбат мекунам ва агар розӣ шавад, бигузор бо роҳи оперативӣ милисаи маҳали зисти Сабоҳати Маҳмадро огоҳ намояд. Агар корҳои оперативӣ натиҷа диҳанд, пас мо боз назди шумо меоем.
Сабоҳати Маҳмад ҳам метавонад дар кушодани ин муаммо ба мо ёрӣ диҳад.
-Танҳо баъди гузаронидани ҳаракатҳои оперативӣ мо боз сари ин масъала бармегардем…
Сорбони Ҳомид боз сари чанд масъалаи дигар ҳамроҳи муфаттиши прокуратура суҳбат намуда, ниҳоят рухсати рафтан пурсид. Самадов онҳоро то пеши бино гусел кард.
–Чаро Самадов ин тарафи масъаларо ба зиммаи мо гузошт? - пурсид Гурезов аз паҳлуи устодаш қадам ниҳода.
–Ин ҷо гап дар сари туву ман нест. Самадов ин тарафи масъаларо бе мо ҳам ҳал карда метавонист.
– Пас чаро ҳал накард?
– Чунки дар тарозуи вақт шарафи инсон меистад ва агар рафту Сабоҳати Маҳмад ҳомила набошад...
– О вай худаш даъво кардааст, ки дар батнаш тифли шашмоҳа дорад.
– Даъвои вай дигар асту кори мо дигар. Вай ба милиса омада даъво накардааст – ку. Шояд зери коса нимкосае бошад. Барои ҳамин ҳалли чунин масъалаҳо бо роҳи оперативӣ, ки худ характери махфӣ дорад, ҳам шарафи ў ва ҳам шарафи милисаро ҳимоя мекунад…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё