Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Эй Лайлихонум. Ман пайи қадамат бад нагуфтам, ки малоли хотират гардад. Гург чунон пайи қадами хуб дорад, ки чўпонро хоб мебарад ва ў медонаду рама…
“Кош гург мешудам,” - аз дил гузаронд Лайлӣ ва ҳодисаи имрўзаро ба ёд овард. Афсўс бар он хўрд, ки чун гург ба Даврон ҳуҷум накарду қасди хеш аз зиндагӣ наситонд.
Агар ў чун гург каме далерӣ зоҳир мекард, ҳоло дар оғўши Даврон буд ва ба ҷойи ин саволу ҷавоби бемаънӣ аз шарбати ишқ масту махмур гашта. Ў оҳ кашид, ки дар он ҳама дарду аламаш ифшо гашт.
– Ин оҳи бадардро сабаб чист?
– Норасоиҳо ва талхии рўзгор.
– Ҳеҷ боварам намеояд, духтарре, ки ба қавли Солеҳ Ҷалил Гурдофарид ном гирифтааст, дар зиндагӣ камбудие дошта бошад.
– Ҳатто шоҳон ҳам дар зиндагӣ камбудию норасоие доранд.
– Эй биё мон, Лайлӣ, шоҳон ҳеҷ норасоиву камбудие надоранд.
– Охир ман на шоҳам, на шоҳдухтар.
– Худораҳматии Солеҳ дар дигар ақида буд.
– Солеҳ ҷони одам буд…
– Марги ў маро ниҳоят руҳафтода намуд.
– Аз дасти мо бандаҳои осӣ чӣ ҳам меояд.
– Ба ҷойи некӣ ба ў бадӣ кардам.
– Пас чаро аз амри боло сар напечидӣ?
– Магар аз амр сар печидан мумкин аст? - Ба ҷойи ҷавоб савол дод мулло.
– Надонам, - китф ба ҳам кашид духтар.
– Ана дидӣ, боз маро ташвиқ бар он мекунӣ.
– Не, ман ташвиқ накардам. Охир худатон гуфтед, ки Солеҳ ба шумо некӣ карда буд, ё ман нодуруст фаҳмидам?
– Ҳамааш дуруст. Худораҳматӣ мегуфт, ки аз амри боло сар печидан ин баробари аз ҷони хеш даст шустан аст. Агар ман ҳам аз амр сар мепечидам, дигар кас онро иҷро мекард ва ба гумон буд, ки шумо имрўз бо ман суҳбат мекардед.
Лайлӣ дид, ки дар ҳақиқат Даврон ба мавҷудияти боло боварии комил дорад, дилаш каме таскин ёфт, вале аз савол додан ҳамоно худдорӣ мекард. Бигузор худаш гап занад, дар он сурат буғӣ карданаш осонтар мешавад.

пешина
аз 513
навбатӣ