Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Ҳарчанд Солеҳ Ҷалил дар ин бора боре ҳам даҳон накушод, вале аёнро ҳоҷат ба баён набуд…
Мўйсафед гуфт: “Аз келини аслӣ чӣ дидам, ки аз ту интизор шавам?” ва Сабоҳат аз ин сухан чизе нафаҳмид.
Танҳо чун аз назди мўйсафед бадар рафт, бо ҳамсоязани онҳо каме суҳбат кард. Ҳарчанд ў кию чӣ будани хешро нагуфт, ҳамсоязан даҳонаш тасф гирифту рози асрори он хонадон фош сохт…
Маълум шуд, ки тайи се соли охир Солеҳ Ҷалил боре ҳам ёди зану фарзандонаш накарда будааст ва натиҷааш ҳамин шудаст, ки зан ва фарзандонаш ҳатто дар ҷанозааш иштирок накарданд. Пас дар давоми ин як соли дар қайди никоҳ будани ў шавҳараш шабҳо дар куҷо мегаштааст, ҳамаи ин ба Сабоҳати Маҳмад муаммо буд…
Тифл боз почак зад ва духтар шиками хеш дошт.
Суханони модар «нашаваду рўзе ба нохуни фарзанд зор шавӣ» дар гўшаш садо дод. Ҳарчанд ба қавли баъзеҳо духтарон дар чунин синну сол кўдаканду аз даҳонашон бўйи шир меояд, Сабоҳат чӣ будани тифлу меҳри онро кайҳо дар дилаш ҷой дода буд. Акнун ў танҳо барои худ не…
Умуман, ў исқоти ҳамл ҳам карданӣ набуд, ҳамин хел модарро санҷидан хост ва хуш буд, ки модар ўро дилбардорӣ кард. Акнун хуб аст ё бад ў бояд нисбати тақдири минбаъдаи тифли дар батнаш буда фикр намояд. Магар ба гуноҳи ў ва Солеҳ Ҷалил тифл гунаҳкор аст? Ҳаргиз!
Солеҳ мегуфт, ки то замони ба синну соли қонунӣ расидани ту аз ҳамсарам ҷудо мешавам, ба ёд овард Сабоҳат суханони шавҳарро ва дилаш гум зад. Маълум шуд, ки се сол боз ёди зану фарзанд накардааст, пас ў дар куҷо будааст?
Наход ба ҷуз ману хамсари қонуниаш боз дилдодае доштаст?
Ў сарашро байни панҷаҳои нозукаш гирифта, фишурд, то аз фикр торс накафад…
– Пас кист оне ки миёни мо буд. Шояд ҳамон зан қасди ҷонаш намуда бошад?
Саволҳои беҷавоб яке ҷойи дигареро мегирифт ва духтар дар миёни ин ҳама сари калобаашро гум мекард.
Модар дарро кушода вориди ҳуҷраи ў шуд. Чун духтарро болои бистар дароз кашида дид, амр кард:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё