Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Дили Сабоҳат ба ҳоли модар сўхт.
Магар модар гунаҳкор аст? Падараш бошад, на парвои ў дораду на парвои фарзандонаш. Чун рўзаш омад, духтари хешро дар ивази қарзҳояш ба гарав монд. Сабоҳат ҳамон вақт ҷанҷоли модару падарашро дар ин бора шунид ва раҳм ба модари зор карду ба издивоҷ розӣ шуд, чунки падари бераҳму шафқаташ кафшҳои ҳамсарашро пеши по мондан хост. Дар он шабу рўз Сабоҳат нахост, ки шуълаи умед дар хонадонашон хомўш гардад. Бархилофи падари бераҳм модар ягона умеду орзуи ўст. Эҳ модар, модар, то куҷо ту бузургӣ!!!
Аз он чӣ ки Солеҳ Ҷалил аз падарарӯсаш мўйе канданӣ надошт, Сабоҳат баъди шаби аввали арўсиаш фаҳмид, вале замин сахт буду осмон баланд ва ин духтараки муштипар дар миёна. Тайи қариб як соли хонадорӣ Солеҳ Ҷалил аҳён – аҳён дар хонаи онҳо пайдо мешуд ва сабаби ҳамаи инро аз оиладор буданаш арзёбӣ мекард. Ҳар он чӣ ки Сабоҳат аз шавҳари чилсола омўхт, ин гоҳ - гоҳ ба тарабхона рафтани онҳо буд. Ў борҳо шоҳиди ҳолатҳое гашта буд, ки шавҳараш баъзан ба милисаҳо пул медод. Ба назар чунин менамуд, ки умуман ў аз милисаҳо қарздор аст. Ин чӣ хел қарз буд, ў намедонист, вале боре ҳангоме ки онҳо сари мизи тоамхўрӣ дар тарабхонаи «Тоҷикистон» менишастанд, милисае наздаш омад ва «Раис, шуморо як дақиқа мумкин,” гуфт». Солеҳ Ҷалил лаҳзае ҳамсарашро ба ҳоли хеш гузошта, аз қафои он милиса рафт ва дигар барнагашт. Соате пас боз ҳамон милиса омад ва ба хизматгор ҳисобӣ намуда гуфт, ки раисро бо кори муҳиме ҷеғ заданд ва Сабоҳатро то истгоҳи пеши меҳмонхона бурда, ба таксие шинонда гусел кард. Солеҳ танҳо ду шабонарўз пас ба кулбаи онҳо омад ва аз ҳамсар бахшиш пурсид.
– Кори ниҳоят муҳим баромад, – гуфт ў ва ман ҳамаашро ба ҳамон милитса фаҳмондам.
Чӣ ҳам мегуфт Сабоҳат, духтаре, ки акнун дар синни шонздаҳсолагӣ сарторик шуда буд. Маълум буд, ки Солеҳ ҳеҷ гоҳ бистари ўро гарм нахоҳад кард ва агар баҳс ҳам мекард, суде надошт. Ў низ чун модар бебахт буд ва назди шавҳар гунаҳкору чор танга қарздор… Охир чӣ тавр метавонист ў баҳс намояд, ки падараш барои ў аз Солеҳ як пачка саддолараи рахаш ношикаста гирифта буд ва он долларҳо куҷо шуданд, ў намедонад, мисле ки бод овардаро бод мебарад…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё