Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Хез бачам, аср шуд, дар миёни асру шом хоб кардан хуб нест.
– Медонам.
– Модоме ки медонӣ, чаро намехезӣ?
– Дилам хиҷил оча, сару калобаамро гум кардам, намедонам чӣ кор кунам.
– Астағфуриллоҳ гўй, бачам. Худованд одамизодро камрўзӣ кардаасту берўзӣ не ва иншоолоҳ рўзе мерасаду ту ҳам бахти хеш мебинӣ.
Сабоҳат ночор аз ҷой хеста берун баромад…
Мерседес паҳлуи роҳ истод. Ронанда бори дигар акси хеш дар оина дида, чун боварӣ ҳосил кард, ки ғуборе дар он рўи зебо нест, айнаки сиёҳ ба чашм монда, аз мошин берун шуд.
Духтар нағз медонист, ки айнаки сиёҳ ба ҳусни худододаш ҳусни нав зам мекунад ва чун айнак ба чашм намояд, роҳгузарон ба ў бо чашми харидорӣ менигаранд. Ҳамин чиз ба ў маъқул набуд ва намехост, ки ҳамеша дар мадди назари мардум бошад. Охир дар дили ў танҳо як ҷой буд ва он низ замоне пойгоҳи парвози Солеҳ Ҷалил гашта. Гоҳ – гоҳ фақат тобистонҳо чун ҳамроҳи шефи «Ҳамдилон» ба саёҳати манзараҳои зебои диёр мебаромад, бо хоҳиши вай ба чашм айнак мемонд.
– Айнак ба ту зебанда.
– Ҳамин ҳусни худодод ба ман басанда аст, – бо ишваю ноз мегуфт Лайлӣ.
– Ҳусн ҳам мисли ишқ аст ва аз ғурури баланд мемирад.
– Чӣ хел мемирад?
– Ҳамин хел одӣ, аз бепарвоӣ. Ба ҷуз он ки айнак чашмони касро аз офтоб ҳифз мекунад, боз хусусияти тиббӣ ҳам дорад.
– Чӣ хел хусусияти тиббӣ?
–Инсон маҷбур аст, ки чашмонашро аз офтоб ҳифз намояд, дар акси ҳол бе айнак гаштан боиси дар зери чашмон пайдо шудани ожангҳо мешавад. Чун соате пештар ў зери чашмони хеш ожангҳо дид, суханони ҳамсар ба ёд овард ва ҳангоми аз хона берун шудан аз болои ҷевон айнаки кайҳо дар зери чанг монда ба гўшаи фаромўшӣ додаашро бо худ гирифт…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё