Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў яқин маро бовар кунониданӣ шуд, ки баъди баланд шудани фишори хуни мўйсафед ба ў ду миллиграмм дибазол тариқи сўзандору гузаронида буд. Барои исботи фикри хеш ў бандаро ба меҳмонхона бурд ва он қуттии дибазолро ба ман нишон дод, ки дар он як ампулаи адреналини дигар ҳам буд. Мо боз ба ошхона баргашта сари ин масъала баҳс доштем, ки нохост маро Шабнам ҷеғ зад.
Чун Шабнам Раънои Носирро чашми дидан надошт, ман баробари шунидани овози ў аз ошхона баромадам, то ҳамсарам маро дар танҳоӣ ҳамроҳи Раъно набинад.
– Сабаби ҷеғ заданатон чӣ будааст?
– Аслан Шабнам мехост, ки ҳамсояҳоро ба ҷаноза даъват намояд. Чун баргаштам, он ампулаи холӣ ва сўзанро, ки дар болои мизи ошхона монда будам, надидам. Гумон кардам, ки онҳоро Раъно гирифтааст. Ман дар ҳамон лаҳза ба бегуноҳии ў бовар намудам. Албатта, ў ҳамчун ҳамшираи шавқат мебоист доруро ҳангоми истифода бурданаш нигоҳ мекард, вале чун қуттии доруро худаш аз дорухона харида буду дар хона ба ҷуз худашу шавҳараш касе зиндагӣ намекарданд, ба гўшаи хотир ҳам шояд наоварда буд, ки касе метавонад ба қутти дибазол адреналин ҳамроҳ намояд. Чун он ампула ва сўзанро ман дар болои мизи ошхона надидам, шикасти хешро ба гардан гирифтам.
– Боз чӣ?
– Ҳафтае пеш нафаре, ки ному насабашро нагуфт, ба хонаи мо занг зада гуфт, ки барои ман номае дорад аз Раънои Носир. Мо тариқи телефон ҷойи вохўриро дар пеши дарвозаи марказии бозори «Саховат» таъин намудем, вале ў ба ҷойи вохўрӣ наомад. Маълум, ки ў он номаро ба шумо фиристодааст. Бовар намоед, ман асли воқеаро гуфта додам, боқӣ ихтиёр шуморост.
– Акнун бовар кардем, - гуфт Бобо Самад ва протоколи пурсиши шоҳидро назди мусоҳибаш гузошт. Собири Файз тайи якуним соат саргузашти нави хешро ба протоколи пурсиш сабт намуда, ба саволҳои мондаи муфаттиш ҷавоб навишта, ба он имзо гузошт.
Муфаттиш барои аз ҷойи зист берун нарафтан забонхати ӯро гирифта гуфт:
– Собир Файзович, рафту агар тафтишотро ба иштибоҳ намеандохтед, шояд ҳоло ҷинояткорон дар маҳбас буданд.

пешина
аз 513
навбатӣ