Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сипас, он кас ба нею нестони ман нигоҳ накарда, дастурхон густурданд ва баъди нўшидани як пиёла чой дигар дар он хона чӣ гузашту чӣ не, ман хабар наёфтам.

  • Сари субҳ суханони ҳамсари мўйсафедро дар бораи дар болои дастонатон ҷон додани Ёқуби Соиб тасдиқ намудаед?– пурсид муфаттиш прокуратура.
    – Бале ва сабабҳои онро аллакай гуфта гузаштам.
    – Давом диҳед, – гуфт Бобо Самад.
    – Баъди ин духтур омад. Ғиёс Аслович, агар номашро фаромўш накарда бошам, ману Раъноро ба хонае, ки мўйсафед буд, таклиф кард. Чун чодарро аз болои ҷисми беҷони дўсти қиблагоҳам бардоштанд, ман бори аввал рўйи ўро баъди он вохўрӣ дидам. Ба ростӣ, ҳамсари меҳрубонашон, бо ҳама расму русуми мусулмонӣ ўро болои фарши сард рў ба тарафи қибла хобонида буд. Ҳамон ҷо фаҳмидам, ки мўйсафед соатҳои 01.15 дақиқа дунёи фониро тарк кардааст. Духтур гуфт, ки мўйсафед «геморогическиӣ инсулт» шудагӣ. Пасон, ману Раъно духтурро гусел кардем.
    Дар саҳни ҳавлӣ каме истода, боз ба хона даромадам. Дар меҳмонхона чанд нафар барои худораҳматӣ Ёқуби Соиб куртаи сафарӣ, ё худ кафан медўхтанд. Ду нафари дигар аз рўйи ҳисоби абҷад синну соли мўйсафедро муайян мекарданд. Ман ҳамин қадар фаҳмидам, ки дўсти қиблагоҳам, шасту шаш сол бо гуноҳҳои хеш дар зери гунбади гардун қадам задааст. Дар гирди мўйсафед занҳои бисёре, аз ҷумла завҷаи меҳрубонашон, ки акнун дар назари банда чун гург дар ҷомаи меш буд, нолаву фиғон доштанд.
    Ман лаҳзае пеши дар рост истода, назди худ мақсад гузоштам, ки нақши ҷиноятро ҷўё шавам, чунки ҳамсарам маро бовар кунонидан хост, ки мўйсафед бо марги илоҳӣ дунёи фониро тарк накардааст. Ба замми ин, он ампулаи холии адреналин, ки мўйсафед ба ман дода буд ва боз саҳнаи тартибдодаи Раънохон бандаро барои ёфтани нақши ҷиноят ҳидоят намуд.
    Баъди андешаҳои начандон зиёде ман ба ошхона даромадам ва дар партовқуттӣ айнан ҳамон гуна ампула ва сўзани истифодашударо ёфтам.
    Ба ростӣ, ғазабам боло гирифту бо баҳонае Раънохонро ба ошхона даъват намудам. Чун ў аз вазъи кор огоҳ гашт, ҳайрон шуда гуфт, ки аз мурдани хеш хабар дораду аз ин ҳодиса не.
пешина
аз 513
навбатӣ