Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Ман гунаҳкорам, - гўён Собири Файз бо муфаттишу
Абдумаҷидов худоҳофизӣ кард…
“Ҳайфи ту, мард нашуда мур, бубин бо ту чӣ кардаа кӯзача дар даст барои шир фиристодат, ҳол он ки дар хонаи худат даст ба косаи тар намезадӣ,” гуфтани ҳамсар чун мусиқии ноҷӯр тамоми рўз дар гўшаш садо дод.
Хоҳу нохоҳ акнун ба манзили хеш рафтанаш лозим буд.
Имрўз Обида нисбат ба ваю ҳамсараш хеле гапҳои болохонадор гуфт. Сазои марде, ки қадри хеш намедонаду луқмаи ҳалолро аз ҳаром фарқ намекунад.
Бубин, Обида ба ў чӣ кард, ба ҷуз он ки ўро қариб аз зану фарзандонаш ҷудо кард, боз вайро ба ҷиноят тела дод, ба ҷинояте, ки агар Худо накардаву ба даст афтад, озодиро дигар дар хоб мебинад. Ў акнун моҳии ба соҳил афтидаро мемонд, ки майли ба дарё баргаштан дошт.
Не, аслан аҳволи ў аз аҳволи моҳии ба соҳилафтида ҳам бадтар буд, чунки моҳӣ ҳеҷ гоҳ худ соҳилро ҷойи зист интихоб намекунад. Ўро ё мавҷ ва ё ягон ҳодисаи фавқултабиӣ ба соҳил мепартояд.
Ин ҷо бошад, Назир Назар ошёни хешро қадр накард ва лаззати яклаҳзаинаро аз ҳама боло донист. Худкардаро даво нест, вовайлои пинҳонӣ.
Ҳар он чи ки ин субҳ Гулбарг гуфт, ин ҳанӯз қатрае аз баҳр буд ва ӯро ҷанҷоли сахттаре дар пеш буд. Ҳар киро ошёни хеш бардоштааст ва маҳз ҳамин ҳолат Назир Назарро маҷбур намуд, ки баъди оворагию сарсониҳои шабона боз ёди хонаву дар, ҳамсару фарзандонаш намонд. Агар Гулбарг сари ўро зада шиканад, ҳам ҳақ дорад, чунки намехоҳад, ки фарзандонаш ба меҳри падар зор шаванд. Мисли моҳии аз соҳил дур афтида, ҳалқаш хушк шуду сари роҳ ду стакан оби газнокро ба ҳалқ рехта, таксиеро боздошту суроғаи хеш бигуфт.
Акнун ў имконияти пурра дошт, ки баҳри ҳимояи хеш тайёрӣ бинад. Аз ҳамин хотир ў дафтари хотироти хешро варақгардон кард.
Дар он шабу рўз қисме аз мардум бозорнишин шуданду қисми дигар сохтмончӣ. Назир ҳам тамоми рўз дар пеши бозори «Шоҳмансур» ҳамроҳи дигар мардикорон сари по рост истод, вале касе ўро ба кор даъват накард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор