Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Не, овоз овози мардона будааст, ба қавли Раънои Носир, шахси зангзананда болои гӯшаки телефон шояд рўймолчаашро гузошта, гап задааст.
– Минбаъд чӣ?
– Дигар ў он овозро нашунидааст. Ҳамеша як овози занонае садо медодааст: “вохўрдан лозим. Бо худ гирифтани ду - се киллограм себ ё як - ду харбузаро аз хотир набарор.
Ҷойи вохўри бетағйир мемонад.
– Себ ё харбуза, барои чӣ?
– Як кило себ маънои ҳазор сомон, як харбуза ҳам.
– Оё ў дар ин бора аз ягон кас гумонбар нашудааст?
– Шудааст. Сараввал аз дўсти хонадон писархони худораҳматии шавҳараш Собири Файз. Барои ин ў асос ҳам доштааст.
– Чӣ хел асос?
– Умуман, вақте ки Собири Файз аз қуттии партовҳо он ампулаи холии адреналин ва сўзанро ёфтааст, ўро ба ошхона ҷеғ зада, сари масъалаи марги мўйсафед изҳори нигаронӣ намудааст.
– Чӣ ў бовари надоштааст, ки мўйсафеди дўсти қиблагоҳаш бо марги илоҳӣ ҷон ба ҷонофарин супурдааст?
– Намедонам, вале Раъно гуфт, ки ў ампулаи холии адреналин ва он сўзанро аз қуттии партовҳо берун оварда буд. Ба замми ин, ҳамсари Собири Файз ўро чашми дидан надоштааст, ҳол он ки Раъно нисбат ба эшон заррае кина дар дил надошт.
– Боз аз кӣ?
– Аз кадом як духтуре,... насабаш дар ёдам нест, номаш Ғиёс.
– Пас чӣ тавр Собири Файз ва Ғиёсро аз рўйхати гумонбаршудагон берун намудааст?
– Гуфтам - ку, ҳамааш натиҷаи ёфтани рақами ҳамон панҷоҳ сомониҳо шудааст. Баъди ин ў ҳатто донистан ҳам намехост, ки Собири Файз ва Ғиёс гунаҳкоранд. Ман худам хостам ба ҳимояи Раъно бархезам, вале ў маро бовар кунонд, ки ман аз сафарам намонам. То омаданам аз Зартеғ ў худаш бо Назир корҳоро баробар мекунад, чунки ҳамон шабу рўз Назир дар Маскав буд.”
– Тарафи дигарашро монам?
– Не, лозим нест. Ман як чизро нафаҳмидам.

пешина
аз 513
навбатӣ