Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Обида рангу рўйи паридаи маро дида пурсид, ки ҳамсоя ба шумо чӣ шуд ва ман пурсидам, ки ҳамин пулҳои ба ман додаатро аз куҷо гирифтӣ. Дидам, ки рангу рўйи Обида канд, вале дар интиҳо ў худро ба даст гирифта гуфт, ки аз Назир.
– Оё шумо напурсидаед, ки чӣ тавр Назир аз асрори марги мўйсафед Ёқуби Соиб бохабар шудааст? - садо дод овози Абдумаҷидов.
– Пурсидам. Раъно гуфтанд, ки дар рўзи ҷанозаи мўйсафед умуман Назир набуд. Ў хонаҳоро дар қабати дуюм ҳамагӣ се моҳ пеш харида бошад ҳам, вале то ба имрўз ба хонаҳои нав харидааш кўчида наомадааст. Албатта, “дуздию ғарӣ дар паси саргини хар аст,” гуфтаги барин муҳаббати Обидаи Баҳром бо ҳамсояи нав акнун мавзуи асосии суҳбати ҳамсояҳост. Ман гумон мекунам, ки сарчашмаи ин муҳаббатро аз солҳои пеш ҷустан лозим.
– Чӣ хел? - пурсидам ман. Раъно гуфт, ки аслан Обидаи Баҳром дугонаи ҷонии ҳамсари Назир будааст. Бечора ҳамсари Назир ҳатто ба гушаи хотир наовардааст, ки дугонааш ба пўсташ коҳ ҷой намудааст.
– Оё Раънои Носир нагуфт, ки бори аввал шантажист ба ў кадом талаботро пешниҳод намудааст, - боз садо дод овози ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ.
– Гуфт - ку?
– Чӣ хел?
– Ҳафтае пас аз ҷаноза, занги телефон садо дода ва ў гўшакро бардошта, худро муаррифӣ намудааст.
– Ҳа, одамкуш, агар хоҳӣ, ки сират ошкор нашавад, маро бодиққат гўш кун: аз хотир набарор, ки он ампулаи адреналин ва ҳам он сўзане, ки ту доруи ҷонбахшро ба набзи худораҳматии Ёқуби Соиб гузарондӣ, дар дасти ман аст.
Агар хоҳӣ, ки сират ошкор нашаваду туро ба ҷурми одамкушӣ ба маҳбас накашанд, фардо расо соати 21 панҷ ҳазор сомониро дар халтаи селофании сиёҳе андохта, дар ахлотқуттии тарафи чапи роҳи сафоратхонаи Русия гузошта меравӣ. Фаромўш насоз, ки баъди партофтани халтаи сиёҳ ба ахлотқуттӣ он мавзеъро тарк намо. “Дар акси ҳол худат медонӣ...”
– Магар ў овозро нашинохтааст?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор