Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Аз ман – ку мумкин, вале Абдумаҷидов мардест, ки сухан бо амалаш як.
– Мебинем, ки нисбат ба милисаҳо эҳтиромат зиёд шудааст, фаромўш накун, ки “менты не кенты.”
– Рўзи милиса бе мо ҳам мегузарад, вале ба гумон аст, ки мо бе милиса қадаме ба пеш гузорем.
– Шуд, шуд! Беҳтар мешуд, ки ҳамроҳи ҳамон милисаҳои таърифиат аз пайи кор мешудед!
Чун Бобо Самад аз дар берун шуд, Замиров тугмачаи паҳлуи миз зер карду котиба боз бо нозу карашма вориди дафтари кориаш шуд…


– Ҳамсоя, ҳамсояҷон! Рост гуфтаанд, ки Худо аз марги муфоҷо, аз туҳмати ногаҳон, аз ҳамсояи бад нигоҳ-дорад, баробари тамом шудани сабти овози Ҷўраев гуфт Наврўз Умаров ва боз хоҳиш намуд, ки Абдумаҷидов қисми охири сабти овозро аз нав тоб диҳад.
Абдумаҷидов тугмачаеро зер карду лента ба қафо тоб хўрд.
– Ба фикрам, ҳаминаш кифоя.
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ тугмачаи дигареро пахш кард:
“-Бо кадом сабаб, ту аз ҳамсоя гумонбар шуди?
– Гуфт, гапамро набур, Шодӣ. Ман беасос аз касе домангир намешавам. Се рўз пеш ба ман пул даркор шуд ва ман аз ҳамсоязан Обидаи Баҳром пул қарз гирифтам. Обида ба ман сад сомонӣ қарз дод. Ман ба худат гуфта будам, ки барои даҳони бадгўёнро бастан ман аз бонки саҳомию тиҷоратии «Зархез» бист ҳазор сомонӣ қарз гирифта будам.
Чун ҳама пулҳои гирифтаам стандартӣ буданд, ман рақами ҳар як коғазпечро барои хотира аз анҷоми муҳаббати хеш бо марди пир ба дафтарчаам навиштам, яъне рақами аввалу охири ҳар як бандчаро. Чун ба хона омадам, он пулҳои гирифтаамро, ки рахашон ношикаста буд, бо рақамҳои дафтарчаи хотиротам муқоиса намудам. Ба ростӣ, ба чашмони хеш бовар накардам, охир ҳарду панҷоҳсомоние, ки Обида ба ман қарз дода буд, аз ҳамон коғазпечҳое буданд, ки ман дар халтаи селофании сиёҳ баҳри шантажист бурда будам. Дилам аз қафаси сина берун ҷастан мехост. Ман чӣ кор карданамро намедонистам, лаҳзае пас ба дари хонаи ҳамсоя ангушт задам.

пешина
аз 513
навбатӣ