Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Занҳо чун модагурганд, ки ба осонӣ ба ҷинси нарина сар намефароранд, вале чун таслим шуданд, қимати ишқ медонанд.
– Баҳс намекунам.
– Хуш, ин бегоҳ ба куҷо меравем?
– Ба куҷое дилат хоҳад.
-Ман аллакай ба хона занг зада гуфтам, ки имшаб ҳам сари ҳамон парвандаи куштор кор карданамон лозим. Ту чӣ баҳона пеш меоварӣ?
– Барои сайд баҳона чӣ бисмил боз дар байни бозувонат “ҷон” диҳам.
Замиров чизе гуфтан мехост, вале касе ба дар ангушт зад. Бобо Самад вориди дафтари кории прокурор шуд ва котиба берун баромад.
Замиров курсиеро ба муфаттиш нишон дода, ҷузвдони овардаи котибаро аз гўшаи миз баргирифту коғазҳои дохили онро аз назар гузаронд. Сипас, саҳфаеро аз байни он коғазҳои хондашуда берун оварда, ба дасти муфаттиш дод.
Муфаттиш он саҳфа қироат намуду мунтазири суҳбати минбаъда шуд.
Дар коғази қироатнамуда сари талошҳои ҳирфавии Раънои Носир сухан мерафт. Аниқтараш бонки саҳомию тиҷоратии «Зархез» идораи назорати давлатро ҳушдор сохта буд, ки Раънои Носир аз бонки «Зархез» ба маблағи бист ҳазор сомонӣ қарз гирифтаасту хонаҳояшро, ки аз се ҳуҷра иборатанд, ба гарав мондааст.
Прокурор ин дафъа коғазҳоро чун ҳарвақта ду маротиба мутолиа намуда, сипас дар гўшаҳояшон супориш менавишт. Муфаттиш аз қуҷо медонист, ки тамоми ҳушу ёди ҳомии қонун ба воқеаҳои дишаба бо котибааш банд аст.
Модагург тайи як шаб тавонист, ки сарнозири қонунро аз ҳаллоҷӣ гузаронад, вале инро ба ҷуз модагургу дўсти наринаи ў боз кӣ ҳам медонист?
– Боз як даъвогар, - овоз рўшан кард Замиров.
– Модоме ки даъвогар пайдо шуд, аздусар ҷавобгарро ҳам аз гўшаш дошта меорад, - хандида гуфт муфаттиш.
– Аз шумо ва Абдумаҷидов танҳо гап, - паст наомада гуфт прокурор.

пешина
аз 513
навбатӣ