Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Моҳе пештар Фирўза хабар овард, ки прокуратураи ноҳияи Гулистон ҷўйёи котиба аст. Ҳарчанд ў тайи се моҳ курси пураи компютериро хатм карда бошад, вале малакаи корӣ надошт. Дугонааш ўро бовар кунонд, ки ба чунин ҳусну ҷамоли Худодод, прокуратура он тараф истад, ҳатто дар ташкилотҳои хориҷӣ ҳам ҷой меёбанд. Бо фотеҳаи дугонааш ў як моҳ пештар ба дари прокуратура ангушт зада, дар давоми моҳ тавонист тири муҳаббатро дар қалби прокурор ҷой диҳад.
“Модагург ба ҳама кор қодир аст, агар хоҳад бародар хуни бародар мерезад,” - мегуфт Фирўза.
Акнун ў ба суханони Фирўза бовар кард. Охир кӣ гирифтани меваи шохи баландро орзу накардааст, ҳар қадар он шох баланд бошаду мева дастнорас, талош бештар мешаваду кам не. Прокурор ҳам дар талоши сеюм тир дар қалби котиба гузошт.
Дирўз бегоҳи ў бо ҷамоли хеш кулбаи фақиронаи прокурорро, ки дар яке аз осоишгоҳҳои соҳили Варзобрӯд ҷойгир шуда буд, мунаввар сохт ва сарназоратчии қонун аз кўҳдомани котибааш лолаҳо чид.
Модагург ба ҳар кор қодир аст. Ў акнун боварии кулл дошт, ки сарназоратчии қонун баҳри муътадил мондани набзаш ўро чун адреналин ҳифз хоҳад кард.
– Хуш, корҳоят чӣ хел? - гўшакро ба ҷояш гузошта пурсид прокурор.
– Окей, - чашмак зада гуфт котиба ва беихтиёр аз ҷой бархоста, ба тарафи мизи кории прокурор рафт.
– Исто, ту чӣ кор карда истодаӣ? Рафту ягон кас омада монад.
– Да мне плевать на всё, я тебя хочу, - гўён ў дастони хеш дар гардани ошиқи дирўза ҳалқа кард ва муҳри лабҳои арғувонии хеш дар он лабҳои бўсахоҳи дирўза гузошт.
– Мадина, о ин чӣ кори кардагиат? рафту ягон кас даромада монад чӣ? – илтиҷоомез гуфт прокурор.
– Омад омадан гирад, - бо ханда гуфт ҷавонзан ва сипас гашта ба курсии аввалаи хеш нишаст.
– Нотарс будаӣ, - хандида гуфт прокурор.
– Мо аз қабилаи гургем.
– Чӣ хел аз қабилаи гург?

пешина
аз 513
навбатӣ