Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аҷаб нақше зада Наққоши олам, Чӣ тасвири қашанге офарида!
Не, дар ин ҷода прокурор ҳам гунаҳкор набуд, охир пеш аз назоратчии қонун будан ў мард буд ва симои котибаро чун туҳфаи илоҳӣ пеши назар овард. Ҳарчанд прокурор бо шӯру шарари ботинии хеш дар набард шуд, нашуд, ки нашуд ва ҳафтае пеш ў дарди дили хеш ба котиба баён сохт. Мадина (котиба), баръакс, фикри ўро рад кард. Гуфт, ки намехоҳад боиси бадбахтии оилаи онҳо гардад, чунки прокурорро зану фарзандаш ҳаст. Ҷавонзан сухани прокурор рад карду аз ҳарвақта дида ба ҳусну ҷамоли хеш бештар диққат медодагӣ шуд. Пас аз ду рўз прокурор баъди анҷоми кор котибаро ба ҳуҷраи кориаш хонда, боз рози дили хеш кушод, вале аз забони оне, ки аз уҳдаи кор намебаромаду нияти кафшҳояшро пеши по мондан дошт, ҷавоби рад гирифт.
Мадина аслан дар мактаби муҳаббат шахси тасодуфӣ набуд ва нағз мефаҳмид, ки яку якбора сухани мардро пазируфтан боиси фикрҳои мухталифи тарафи талабгор шуданаш мумкин. Ду сол пеш, вақте ки аз шавҳар ҷудо шуд, гумон дошт, ки зиндагӣ анҷом ёфт, бехабар аз он ки ҷудошавӣ аз шавҳар оғози зиндагии нав шуданаш мумкин. Боре тариқи “оинаи нилгун” ҷуфтшавии галаи гургҳоро дид. Ба наворгирандагони филм кӯшиши зиёде ба харҷ дода, ҳолатҳои шаҳвониро дар вуҷуди ин ҳайвони дарандаи далер рўйи саҳна оварда буданд. Умуман, як модагург як гала, даҳ - дувоздаҳ гурги наринаро чун давраи модаршоҳӣ сарварӣ мекард. Аз рўйи ҳамон ҳамҷинси модина гургони нар қариб гўлуи якдигар медариданд ва барои ин амал як ишораи модагург ба тарафи гурге, ки ба ў маъқул набуд, басанда буд.
Баъди ҷудошавӣ аз шавҳар ӯ муддате сари ғаму андўҳи хеш монд. Нохост рўзе дар кўча дугонааш Фирўзаро, ки ў низ аз шавҳараш соле пештар ҷудошуда буд, вохўрд ва дарди дили бемори хеш иброз кард.
– Бало ба пасаш, сар амон бошад, кулоҳ ноёб нест, – ба ҷойи дилбардорӣ суҳбатро бо чунин суханон оғоз намуд Фирўза. Ва ҳафтае пас Фирўза ўро ба вохўрӣ таклиф намуду ҳарду рўйи роҳ ба шикор баромаданд. То кунун шаҳди шикори аввалин аз ёди ў зудуда нашуда буд, боз чӣ қадар чунин шабҳои висолу лаҳзаҳои ҷудоӣ дар дафтари хотироти ў монд.

пешина
аз 513
навбатӣ