Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Кўзача ба даст барои шир фиристодаш. Сазои оне ки қадри оила ва фарзандон надонад.
Ў ҳатто дуюмбора ба қафо нигоҳ накарда, ба тарафи роҳи калон шитофт ва таксиеро манъ намуда, то пеши хонааш омад. Оҳиста дарро кушода, вориди хона шуд.
Наргису Мурод ҳанўз масти хоб буданд.
Гулбарг ба хонаи шафат даромада, ҷисми афгори хешро болои кат партофт ва ихтиёр аз даст дода, лаҷоми гиряро сар дод…
Котиба ҷузвдони чармини сурх дар даст вориди дафтари кории прокурор шуд, вале чун ҳарвақта дар пеши дар таваққуф накард, рухсат напурсид, балки бо як дилпурии ба худ хосе болои гилеми сафеди моҳутдор хиромида - хиромида то пеши мизи кории прокурор рафту ҷузвдони дасташро ба гўшаи чапи миз гузашта, амри минбаъдаи сарназоратчии қонунро, ки тариқи телефон ба куҷое гап мезад, интизор шуд.
Прокурор бо ишораи даст ўро ба нишастан даъват кард.
Котиба ҷисми хешро болои курсии мулоим гирифту сари андешаҳои хеш дода шуд.
Як моҳ боз ў дар прокуратура вазифаи котибаро ба душ дорад. Ҳарчанд дар кори идоравӣ таҷрибаи дурусте надошт, вале боварӣ дошт, ки ҳусну ҷамоли Худододаш ўро аз ҳама балою офатҳо эмин хоҳад дошт.
Рўзҳои аввали ба кор омаданаш прокурор фаҳмид, ки бо чунин котиба ба гумон аст дур рафтан ва фурсати муносиберо ҷўё шуд, то кафшҳои ўро пеши по монад. Ин фикри шахсии сарназоратчии қонун буд, вай ҳатто ба гўшаи хотир наовард, ки тарафи муқобил низ баҳри дифои хеш чора меандешад.
Як моҳ барои сарназоратчии қонун фурсати муносиб пайдо нашуд ва худаш нафаҳмид, ки чӣ тавр мафтуни ҳусну ҷамоли котиба гашт. Шояд ҳамаи инро шабе дар бистари хоб ғайриинтизо фарораси субҳи деринтиз бар остонаи қабулгоҳ гузошт, симои нафари ба истиқболаш бархестаро чун сапедаи субҳгоҳи аз ш Гумон кард, ки қалбаш аз қафаси синааш ба б ҷаҳид.
Чун вориди дафтари кориаш шуд ҷисмашро ба курси гирифта зери лаб гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор