Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Бовар намекунам.
– Набошад раву бубин.” Ўро бо ҳамин фикру хайёл ғанаб бурд. Хоби даҳшатноке дида, бедор шуд. Чашм ба соати деворӣ дўхт: ақрабаки соат ба шаш наздик мешуд.
Ҳарчӣ бодо бод гуфту либосҳояшро ба бар карда, ба кўча баромад ва ба таксие нишаста ба манзили нав омад.
Ҳанўз аз пеши бино даст ба ҷайб бурда, калидҳои хонаи навро ба даст гирифт. Дарро кушода, вориди хона шуд, вале дар хонае, ки қариб шароити зист надорад, чиро ҳам меёфт.
Ниҳоят, ў дарро маҳкам карда, ба ошёнаи сеюм баромад.
Ташрифи ў ба хонаи Обида ба замоне рост омад, ки аз берун овози холаи ширфурўш «молоко – ширда биё» садо дод.
Гулбарг, каме дар пеши дар рост истода, ниҳоят тугмачаи занги дарро пахш кард.
– Ҳозир, ҳозир,-шунид ў садои мардонаеро ва пеши чашмонаш сиёҳӣ заданд. Охир ин овози Назир буд! Ба бахти ў, ки дари хонаи Обида чашмак (глазок) надошт. Ў қариб девона шуда, боз даст ба тугмачаи занги дар бурд.
– Ҳозир, ҳозир, – гўён боз садо дод ҳамон овози шинос ва Гулбарг қадаммонии аниқи ўро ҳис кард.
Ў беихтиёр туфлии пойи чапашро ба даст гирифта, омодаи ҳуҷум шуд. Ниҳоят калид аз дарун тоб хӯрда, дар кушода шуд. Бо либоси тагпўш кўзачае дар даст Назир рост меистод.
Чун нигоҳи зану шавҳар ба ҳам бархўрд, ҳарду лаҳзае моту маҳбут шуданд. Ниҳоят шавҳар худро ба даст гирифта, овоз рўшан кард.
– Гулбарг?…
– Ана, ба ту лаънатӣ! – гӯён бо ғазаб Гулбарг бо туфлии дар дасташ буда ба сари шавҳар зад.
– Назир, бо кӣ гап мезанӣ? - аз хона садо дод овози занонае ва Гулбарг он овозро шинохт.
– Ҳайфи ту, мард нашуда мур! Бубин ў бо ту чӣ кардааст, кўзача ба даст барои шир фиристодат, ҳол он ки дар хонаи худат даст ба косаи тар намезанӣ, – гўён ў бо азобе туфлиашро пўшида аз зинаҳо поён рафт.
“Раву бубин,” - боз дар гўшаш садо дод ҷумлаи охирини номаи ношинос. Акнун ҳамааш аён гашт. Бубин, Обида бо ў чӣ кардааст.

пешина
аз 513
навбатӣ