Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гулбарг, дар байни чор девори бетонӣ, дар оғўши зулмот, бо дарду доғи дили хеш, танҳо буд. Ин бори аввал набуд, ки Назир роҳи хонаро фаромўш мекард. Ў қариб ки ба тақдир тан дода буд. Мефаҳмид, ки Назирро дар куҷое ёрест, вале кӣ будани ўро намедонист. Дишаб дар ин бора бо шавҳар дар алоҳидагӣ (вақте Наргису Мурод дар хоби ноз буданд), хеле суҳбат кард ва ана натиҷааш.
“Бовар надорӣ, раву бубин!” - боз нидо омад аз қалбаш.
Аз фазои беканор ситораи хеш ва Назирро ҷўё шуд. Ў имшаб ҳама ситораҳоро чун лашкари пароканда дид.
Ситораи хешро дар як кунҷе дарёфт ва ситораи Назирро дар кунҷи дигар. Вуҷудаш ларзид ва ба хона даромад. Ҷисми афгори хеш болои курсии мулоим гирифт, вале гумон сохт, ки болои хуми оташ нишастааст. Ба ҳар ҳол лаб зери дандон гирифту тоқат кард. Боз ҳамон мактуби ношиносро, ки лаҳзае пеш болои мизи паҳлуи курсии мулоим партофта буд, ба даст гирифт. Аз чӣ бошад, ки ҳусни хати дар нома омада ба назараш шинос намуд, вале ҳарчанд ба ёд оварданӣ шуд, онро дар куҷо дидааст, натавонист:
«Гулбарг, ман аз ҳама сирру асрори оилаи шумо воқифам. Дилам ба ҳоли фарзандонат месўзад. Агар чорае наандешӣ, эҳтимол Назирро аз даст диҳӣ. Ман борҳо ўро ҳамроҳи Обидаи Баҳром дидам. Шабҳое, ки ў роҳи хонаашро фаромўш мекунад, бидон, ки дар оғўши Обида аст. Агар бовар надорӣ, раву бубин.»
Наход, Обида?... Не, не, ин ҳеҷ мумкин нест. Охир ў дугонаи ҷонии ман аст. Ҳатто дар ҳамсоягиаш барои мо хона ёфт. Он рўзе, ки мо он хонаро харидем, хурсандии Обидаро ҳадду канор набуд. Гуфт, ки “албатта Хайём бо Мурод ҷўраи ҷонӣ мешаванд. Агар ба ин ҷо кўчида биёед, соли оянда Хайём ва Мурод ба ҳамин мактаби паҳлуи хонаамон ба синфи якум мераванд,”-ба ёд овард ў суханони Обидаро. Ин ҷо бошад.
“Содда будаӣ. Охир ўро ҳам бахт лозим аст, - нидо омад аз қалбаш.
– Охир Обида худ шикасти оиларо дидааст. Писарчааш Хайём дусола буд, ки шавҳараш ўро партофта рафт. Магар ў намефаҳмид, оила чист?
– Мефаҳмад, нағз мефаҳмад. Барои ҳамин Назирро ба даст оварданист.

пешина
аз 513
навбатӣ