Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Шодибой!
– Ҳа, ман.
– Ин кас корманди милиса, бо шумо суҳбат кардан мехоҳад. Барои ҳамин бо амри Низомиддин Абдуллоевич шуморо ба ин ҳуҷраи алоҳида гузаронидем, то касе ба суҳбататон халал нарасонад, - гуфт ҳамшираи шафқат ва курсиеро назди кати бемор гузошта, Абдумаҷидовро ба нишастан таклиф намуда, сипас рухсат пурсида аз ҳуҷра бадар рафт.
Лаҳзае хомўшӣ ҳуҷраи шашумро фаро гирифт. Абдумаҷидов худро ба бемор муаррифӣ намуд ва мақсаду мароми хешро низ баён кард…


Чун Наргису Муродро хоб бурд, ў аз ҷой бархоста, ба хонаи шафат гузашт ва аз байни ҷевони китобҳо он номаи муштарии ноаёнро гирифт.
– Не, ҳеҷ боварам намеояд, наход Обида фикри фарзандони ман накарда бошад? Не, не, ин ҳеҷ мумкин нест.
“-Бовар накунӣ, раву бубин, - нидо омад аз қалбаш.
– Дар ҳамин нисфи шаб, чӣ хел? Рафту Наргису Мурод бедор шаванд, чӣ гумон мекунанд? Худо накарда дар набудани ман Назир баргардад, пас ман чӣ мегўям. Не, ман ба ягон ҷой рафта наметавонам, чунки пой дар занҷирам.
Сад афсўс ки дадаи Наргис ҳамин чизро нафаҳмид.” Дар болои гилеми моҳутдор қадам зада, ба назди тиреза рафт. Ин дафъа ба назараш чунон намуд, ки болои гилеми моҳутдор не, балки аз болои майдони хордор пойлуч гузашт.
Вуҷудаш месўхт, вале ку мунисе, ки дар ин шаби тор дасташ бигирад?
Тирезаро кушода, ба фазои бекарон чашм дўхт.
Ситораҳо ба сўяш чашмак заданд. Ҳафтае пеш ў ҳамроҳи Назир ба хонаи хоҳараш рафта буд. Чун онҳо ба хона омаданд, Гулбарг дар фазои бекарон ғубореро диду дар ин бора аз Назир пурсон шуд. Аз чӣ бошад, ки баъди аз Маскав баргаштан, Назир он Назири пештара набуд. Ў ниҳоят дағал ва дамдузд шуда буд, ба саволи ў тарзе ҷавоб дод, ки замин накафид, дарояд. Не, ҳоло он суханро ў ба ёд овардан намехост. Бе ин ҳам, номаи бегоҳ гирифтааш вуҷудашро месўхт.

пешина
аз 513
навбатӣ