Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Чиро?
– Нафаҳмидам, ки он ампула ва сўзани истифодашударо, ки аз ошхона гирифтааст?
– Обидаи Баҳром, боз кӣ мешуд?
– Адреналинро ҳам ба қуттии дибазол ў гузоштааст?
– Бале.
– Сабаб?
– Ба фикрам, Ёқуб Соиб мақсади ўро ба никоҳи хеш даровардан доштааст, вале чун Раънои Носирро вохўрдааст, аз ҳамсоя рў гардондааст. Ба ҳар ҳол, ин фикри шахсии ман аст ва ба ҷуз Обидаи Баҳром дигар онро касе тасдиқ ё рад карда наметавонад.
– Набошад Назирро дастгир карда овардан лозим!
– Шояд аввал Собир Файзовро даъват намоем?
– Чаро?
– Чунки ўро дар асоси ҳолатҳои нав ба тафтишот маълумгардида аз рӯӣ нишондоди Ҷўраев аз нав пурсидан лозим аст. Охир вай маро бовар кунонид, ки мўйсафед Ёқуб Соиб дар рўйи дастонаш ҷон дод.
– Ин дигар чӣ аҳамият дорад. Дар рўйи дастонаш ҷон дод, ё чӣ хеле ки Ҷўраев овардаст, ў марги мўйсафедро сари субҳ аз забони Раъно шунида, сухани ўро тасдиқ намудаст.
– Ба ҳар ҳол, адвокат то марги мўйсафед аз ягон чиз пайхас шудааст, вагарна ақли кӣ мегирад, ки баъди марги мўйсафеди ҳафтоду ҳаштсола аз даруни ахлотқуттӣ изи ҷиноят биҷўяд?
– Муфаттиш дар ин бора чӣ мегуфта бошад. Шояд ўро ҳам аз рафти воқеаҳо огоҳ намоем?
– Албатта. Акнун пурсиши расмиро бояд худи вай анҷом диҳад.
Наврўз Умаров чанд рақамро дар диск зер кард.
– Бобо Самад гуш мекунад.
– Эшонро Наврўз Умаров безобита намуд.
– Гӯшам ба шумо, рафиқ подполковник.
– Агар малоли хотири эшон нашавад, ўро ба милиса, ба маҳфили хеш мехонем.
– Ҳаргиз, Шумо худ нағз медонед, ки кайҳо интизори чунин маҳфилам. Интизор шавед, ҳозир расида меоям.

пешина
аз 513
навбатӣ