Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Ҳатто Даврон ҳам то ба имрўз ба ман аз рўйи ҳамон номам дастдарозӣ накард, вагарна аз дасти он муллои ҷодугар ҳар кор меояд.
– Ба фикрам, дили худат ҳам майли Даврон дорад.
– Не, бигузор Даврон маро ҳамчун ёвари Шеф шиносад ва ў худаш нағз мефаҳмад, ки мақоми ман дар «Ҳамдилон»
ниҳоят баланд аст.
– Мақом гуфта мешинӣ, беҳтараш дилеро дарёб…
Ў боз чашм бар он оинаи барқад дӯхт ва маҳзуни худро дида, аз назди оина дур шуд. Ниҳоят тарки либос карда, ба ҳаммом даромад, ваннаро аз оби ширгарм лабрез намуд ва аз пеши оина чандин экстрактҳоро гирифт, болои оби ширгарм рехт ва ҷисми мондаю афгори хешро ба об гирифт. Дохили оби ширгарми ванна, ки ба танаш ҳаловат мебахшид, даромада лаҳзае чашмонашро пўшид…
Баъди хатми мактаб, бархилофи ақидаи падар, ў ба шаҳр омад ва ба факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллӣ ҳуҷҷат супурд. Як рўз пеш аз имтиҳон дар назди тахтаи эълонҳои донишгоҳ мардеро вохўрд, ки ба тарафи ў чун харидор менигарад. Лайлӣ хост, ки нигоҳи хешро аз нигоҳи бешарми он мард гурезонад, вале имконият наёфт.
– Духтари нағз шояд ягон хизмат намоям, - гуфтани он мард ўро ба мусоҳиба водор сохт. Ў ҳамаи рози дили хеш ба он марди бегона ифшо кард ва хато ҳам накард.
Маҳз бо дастгирии ҳамин шиноси нав ў сазовори номи донишҷў шуд. 23 августро ҳеҷ гоҳ аз ёд намебаровард. Ҳамон марди хайрхоҳ, ки Солеҳ Ҷалил ном дошт, дар тарабхонаи «Авесто» барои муваффақиятҳои ў ва донишҷў шуданаш зиёфат орост. Лайлӣ бори аввал ба тарабхона рафт. Хушҳол буд: «Ана зиндагӣ дар куҷо будааст». Ба ҷавонии хеш нигоҳ накарда, чун чанд ҷуръаи май ба гулӯ рехт, дигар аз шебу фарози зиндагӣ парвое накарда, ҳамроҳи Солеҳ Ҷалил хеле рақс кард. Сипас, боз нўшиданду нўшиданд ва Солеҳ ўро ба яке аз ҳуҷраҳои меҳмонхона баровард ва субҳ чун бедор шуд, худро бо тани урён дар оғўши шиноси дирӯзааш дид.
Не, ў доду фарёд ҳам накард. Аздусар як рўз не як рўз ҳамин ҳодиса ба сараш меомад ва ба гумон буд, ки дигар ў мардеро чун Солеҳ хайрхоҳ дарёбад. Ба ҳар ҳол ў баҳри шаъни хеш пос доштан гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё