Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Ин чӣ коре буд, ки кардед? Охир ҳаёти маро сўзондед!
– Бубахш,– нигоҳи хешро аз нигоҳи духтар гурезонда гуфт Солеҳ ва илова кард, ки “агар хоҳед, банда як умр ғуломатон мешавам.” Баъдтар чунин вохўриҳо ба ҳукми анъана даромад ва Лайлӣ дар хилватгоҳои хомўшу торик шабҳоро дар миёни бозувони пурқуввати Солеҳ Ҷалил рўз мекард. Чун онҳо мунису ҳамрози ҳамдигар гаштанд, мард баҳри донишҷўи муҳтарам дар маркази шаҳр як духонагӣ харида, ўро аз асрори кори хеш воқиф намуда, ба ҳамкорӣ даъват кард.
Оне ки номуси хешро ба осонӣ аз даст дод, бе ягон дудилагӣ суханони Қайс бипазируфт ва дар амалиётҳои ғайриқонунии ў ширкат варзид.
Сипас, бо пешниҳоди ў ба маҳфили ҷиноятпеша, ки дар хариду фурўш ва интиқоли маводи мухаддир саҳмгузор буд, «Ҳамдилон» ном гузоштанд ва дар бораи қувваю қобилияти он дар байни звеноҳои поёнӣ ҳар гуна овозаҳо паҳн карданд.
Бо ёрию дастгирии Қайс Лайлӣ донишгоҳро хатм кард ва шахси дуюм дар пирамидаи «Ҳамдилон» гашт ва ба ҷуз ў касе кӣ будани сарвари «Ҳамдилон» - ро намедонист…
Котиба рухсат пурсида, як даста рўзномаю маҷаллаҳоро болои мизи сардори ШКД гузошта, пас гашт.
Новобаста аз он ки тайи як ҳафтаи охир Ҳамид Ҷовид рўзнома ё маҷаллаеро ба даст нагирифта буду чун ҳар як сокини Гулобод омадани рўзномаю маҷаллаҳоро бесаброна интизори дошт, аз болои ҳуҷҷатҳои корӣ сар набардошт…
Дар ҳуҷҷатҳое, ки ин субҳ ў ба даст гирифт, ба ҷуз аризаю шикояти меҳнаткашон, ки характери ҷиноӣ надоштанд, ҳамчунин чанд ҷавобе ба хабарномаи онҳо оид ба Солеҳ Ҷалил низ омада буд. Аз ҷумла, ШКД - и ноҳияи Лучоб хабар медод: шахсе ки расмаш ба хабарнома илова шудааст, тайи се соли охир мавриди ҷустуҷўи онҳо қарор дорад…
Занги телефон садо доду Ҳамид Ҷовид гўшакро бардошт.
Гурезов аз шаҳр хабар дод, ки ҳамаи дастуру супоришҳоро иҷро намудааст ва агар баҳри ў супориши дигаре набошад, баргардад. Ҳамид Ҷовид барои бозгашти ў рухсат дода, гўшакро ба ҷояш гузошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё