Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Охир ўро ман не, балки Даврон кушт, наход ҳамин чизи одиро нафаҳмӣ?
– Агар чунин аст, пас ин ҳама ташвишу изтироб чист?
– Рафту…
– Албатта, то бад нагўӣ, нек пеш наояд. Рафту Даврон ба даст афтад, аз ду сар туро мефурўшад.
– Не, ў гуноҳро ба гардани худаш мегирад. Охир дастурамали «Ҳамдилон» ҳаминро тақозо мекунад. Ў мефаҳмад, ки агар нафареро фурўшад, маҳфил ўро зинда нахоҳад гузошт.
– Мисли Солеҳ Ҷалил?
– Солеҳ Ҷалил симои дигар буд.
– Агар Даврон худатро ҳам фурўшад, аз дасти «Ҳамдилон» коре намеояд.
– Бале, рост аст.
– Ба ҳар ҳол рўзе фаро мерасаду ҳам худат ва ҳам он муллои ҷодугар подоши амали хеш мегиред.
– Аслан ману Даврон кори милисаро осонтар кардем.
– Милиса се сол Солеҳ Ҷалилро ҷустуҷў кард ва акнун қотили ўро ҷустуҷў хоҳад кард.
– Ҳамааш айби худи Солеҳ шуд. Охир ў нияти ба милиса рафтан кард ва агар ў ба милиса мерафт, аздусар ману Давронро ҳам мефурӯхт.
– Боз мегўӣ, ки вайро аз рашк куштам.
– Аз рашк, аз рашк. Магар Солеҳ барин занбозро рашк карда мешавад. Ў, ки фикри зану фарзандони худ накард, гумон дорӣ, ки пеши ман уҳдадорие дошт. Дар ҳақиқат, ман фақат мояи дилхушиаш будам ва он чи ки бо ман наздиктар буд, ин пеш аз ҳама аъзои «Ҳамдилон» буданам буд, ки дар тарҳрезии барномаҳои ҷиноятиаш шарик будам. Вақтҳои охир шабона ҳам дар хобаш “Сабо!” мегуфт. Ба фикрам, ин номи ҳамон маъшуқаи наваш буд, ки моҳе пештар аз дур ман ўро дар назди тарабхонаи «Душанбе» дидам. Агар Солеҳ Ҷалил ба даст меафтид, маро ҳам мефурўхт, чунки муҳаббати ў дар кӯйи Сабо парвоз дошт…
– Охир, ў туро Гурдофарид мегуфт - ку?
– Ин номро ман шаш сол пеш гирифта будам, чунки дар маҳфили «Ҳамдилон» дасти рости ў будам ва бо ин ном мехост, ки мақоми хешро дар олами ҷиноӣ дошта бошад.

пешина
аз 513
навбатӣ