Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Дадаҷон, хайрият, имрўз барвақттар омадед, - гўён ҳамроҳи падар то хона рафт.
– Дадои Соро, як чой биёрам? - пурсид ҳамсараш.
– Не, - гуфт Ғиёс ва ба хонаи хоб гузашта, болои кат дароз кашид.
«Шояд аз ташвишҳои зиндагӣ монда шудааст?» - аз дил гузаронд ҳамсараш Зўҳро ва ӯро ба ҳолаш гузошт.
Дар оиладорӣ Зўҳро камбудие надошт, Ўро се духтари паричеҳрае буд, ки ба худаш монанди як себи дукафон.
Баъзан дугонаҳои Зўҳро шӯхиомез ба ў дар бораи башараи хунук доштани шавҳараш ёдовар мешуданд, вале ўро аз ин парвое ҳам набуд. Чун зани ҳозирҷавоб буд, гоҳ - гоҳ дугонаҳояшро ба ҷояшон шинондани шуда мегуфт:
– Оё нашунидед, ки гузаштагони мо чӣ гуфтаанд?
– Чӣ гуфтаанд? – савол медоданд ҳар дафъа дугонаҳояш, ҳол он ки чӣ гуфтани Зўҳроро медонистанд.
– Мардро гургрў гуфтаанду занро моҳрў, - хандида мегуфт Зўҳро.
– Дар гургрўйӣ язнамулло ғолиби озмуни ҳамаи мардҳост, - мегуфтанд дугонаҳо.
– Дадои Сороҷон дар ҳама кор пешсафи мардҳост.
Дугонаҳояш дигар баҳс ҳам намекарданд, чунки аёнро ҳоҷат ба баён набуд. Дар зиндагӣ Ғиёс ҳамқадами замона не, ҳатто аз замона ҳам қадаме дар пеш буд. Бо сухани хуш морро аз лонааш берун меовард. Маҳз ҳамин хислаташ буд, ки ў дили Раънои Носир дарёфт. Раъно мехост, ки ҳамсари қонунии Ғиёс гардад, вале худи ў инро намехост.
Болои кати мулоим рўй ба шифт хобида буд. Новобаста аз он ки муфаттиш ўро бори аввал медид, чунон ӯро бо худаш шиносонд, ки нисбат ба хеш нафраташ омад. Маълум ки аз чашми мардум ягон чиз ниҳон намемондааст. Сараввал ўро барои вайрон кардани як оилаи обод айбдор намуд, сипас барои аз гузашта сабақ нагирифтанаш. Умуман, ўро на чун шоҳид, балки чун гумонбаршуда пурсиданд. Маълум буд, ки муфаттиш баҳри пурсиши ў тайёрии пухта дида буд, чун ҳолатҳоеро, ки ў ба забон овард, аллакай аз ёди худаш баромада буданд.
Вақте ки муфаттиш ҳолати ба беморхона хобондани мўйсафед Ёқуби Соибро ёдовар шуд, замин накафид, ки ў фурў равад, чунки рафтори ҳамон лаҳзаинааш аз чаҳорчўбаи ахлоқӣ инсонӣ берун буд.

пешина
аз 513
навбатӣ