Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Ў ҳеҷ фаҳмида натавонист, ки ин сирри ниҳонро кӣ ба гўши муфаттиш расонидааст. Сирре, ки аз он танҳо ду тан хабардор буданд: ў ва Раъно. Дар ин бора ӯ ба касе ҳарф назадааст, пас маълум, ки Раъно худаш дар ин бора ба касе лақида мондааст. Ҳақ ба ҷониби онҳоест, ки гуфтаанд «то что знають двое, знаеть свиня». Ҳаминаш кам буд, ки вайро дар пинҳон доштани асрори марги Ёқуби Соиб ҳам гунаҳгор кардаанд. Албатта, асрори чунин маргро таҳлилу ташхиси мушаххаси тиббӣ ошкор месозад, вале дар синни ҳафтоду ҳашт ба марг дучор шудан магар нобоварии касро ба амал меорад? Ман дар ҳақиқат аз рўйи нишондоди ҳамсару писархондаш Собири Файз, ки имрўз ҳатто бандаро дар пеши дари муфаттиш нашинохт, хулосаи хеш гуфтам, пас ин ҷо гуноҳи банда чист? Модоме ки наздикону пайвандонаш нисбат ба маргаш эътирозе накардаанд. Ду моҳи охир ман муносибатамро тамоман аз Раънои Носир канда будам, чун фаҳмидам, ки кабутари ҳарбома шудааст.
Аз рўйи маълумоти гирифтаам, бо ҷавоне, ки замоне аз рўйи ў шуда, ба маҳкама афтидааст, дил дода будааст. Аҷоиб, боре ҳам Раъно дар хусуси каму беши зиндагиаш бо ман сухане нагуфт. Банда низ бо гўшаи хотир намеовардам, ки ўро чунин тақдири сахт дар пеш аст. Акнун ману Собири Файз дар гирдоб мондаем. Гуноҳи худро-ку намедонам, вале ба гумонам Собири Файз ҳам бегуноҳ аст.
Сари ҳамин андешаҳо чӣ тавр поён ёфтани рўзро ў нафаҳмид ва баробари торик шудан хобаш бурд…
– Оҳҳо, киро мебинам? - дар ошёнаи дуюми беморхонаи шаҳрӣ ваколатдори кофтукови ҷиноятиро дида гуфт Иванов.
– Шуморо ёд карда омадам, Роберт Иванович.
– Ҳамин қадар вақт ёд накардаеду яку якбора ба ёдатон омадам, - хандида гуфт Иванов.
– Ҳама чиз вақту соати худро дорад. Мо гунаҳкор, вале ҳеҷ гумон надоштам, ки шумо аз беморхонаи роҳи оҳанчиён ба ин ҷо гузаштаед.
– Ду соли расо шуд, ки ман ҳамин ҷо кор мекунам, - гуфт Иванов.
– Рост, аз вохўрии охирини мо, қариб се сол гузашт.
– Шумо ҳоло ҳам дар милиса?
– Мову шуморо аз милисаву беморхона роҳи гурез нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор