Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Аз куҷо донам.
– Фаромўш насоз, дадои Парвиз, ки ҳар кас киштаи хеш медаравад, ҷав киштӣ умеди дарави гандум накун.
Шабнам барои ҳар як савол ҷавоб меёбад, гўё ў хонашин нею сармуҳаррири «Фарҳанги зарбулмасал ва мақолҳои тоҷикӣ» бошад. Барои ҳар як суханат бо далелу рақамҳо ҷавоб дар нўги забонаш тайёр. Бисту панҷ соли ҳаётро ман бо чунин зани ҳозирҷавоб паси сар кардам. Тайи асрҳо мардуми дунё нисбат ба зан фикру ақидаи мухталиф доранд.
Ҳарчанд динҳо баробарии зану мардро ситоиш мекунанд, вале дар асл ҳусни ҷинси латифро аз фурўтанӣ медонанд. Дар каломоти абармардони сухан омадааст, ки “зани фармонбардори порсо, кунад марди дарвешро подшоҳ.” Ба ақидаи Бадриддин Ҳилолӣ зан душмани ҷон аст, ки аз ҷон дўсттараш медорӣ. Агар ман дар вақташ сухани ҳамсарро мепазируфтам, эҳтимол ҳоло Раъно зинда буд.
Ҳарчанд ки ўро барои гуноҳи содиркардааш ба маҳкама ҳам мекашидаанд. Мегўянд, ки аз Ҳиндустон хабар меояду аз гўристон не, агар баъди марги Ёқуби Соиб ман ба гапи ҳамсар, ба гапи оне, ки ба қавли Ҳилолӣ душмани ҷонам аст, гўш медодам, аздусар садои Раъноро, ки аз сад гулаш як гулаш нашукуфта буд, мешунидем», - аз дил гузаронида гуфтам:
– Онҳое, ки кишт намекунанд, чиро дараванд?
– Кишт накардӣ, чӣ медаравӣ? - гуфт бонуи хона.
– Надонам.
– Ҳоло замоне шудааст, ки...
Занги телефон садо доду ман аз ҷой бархоста, назди телефон рафтам ва сухани Шабнам нотамом монд.
Ба саволи мусоҳибам гўш дода, ниҳоят гўшакро ба ҷояш гузоштам.
– Чӣ гап шуд? – пурсид Шабнам.
– Келинро ба таваллудхона бурданд, – гуфтам ва мо ҳарду аз ҷой бархестем.


Ғиёс аз прокуратура бо димоғи сўхта баромад. Ў ҳатто маҷоли ба коргоҳаш рафтан надошт. Бинобар ин, рост ба хона омад. Садои мошинро шунида, духтарчааш Соро омада дарвозаро кушод.

пешина
аз 513
навбатӣ