Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ё тавба…
Ҳарчанд дар ҷойи ҳодиса нақши ангуштони қотил ёфт нашуд, вале тафтишот баҳри собит сохтани гуноҳи ў далели аз он ҳам боэътимодтаре дошт. Он шаб Масрури Мўсо сари ҳамин ҳолат ба гўши зердастон хеле ваъз хонд.
Гумон сохт, модоме ки шунавандаи академияи милиса аст, аз ҳама бештар медонад. Аҳмад рафт Макаву Мадина ва чун баргашт боз ҳамон Аҳмади порина. Оташак ҳам «академик» шуд, вале ҳеҷ не ки роҳу равиши тафтишотро фаҳмад.
Ў боз симои Фарангиси Қодирро пеши назар овард.
Солҳост, ки ранҷу азоб дорад. Аммо ба ин нигоҳ накарда, пайваста эҷод мекунад ва ба ин восита шахси фитодаеро дилбардорӣ мекунад, то ки ошиқи зиндагӣ бошад.
Раъно бошад, ба вуҷуди чор ишкели бутун доштанаш бо роҳи рост нарафт. Ба ҷуз ду шавҳари қонунӣ боз чӣ қадар вохўриҳои маҳрамона. Шояд яке аз онҳое, ки муштоқи он зулфи нигор гардида буд, хуни ў бирехт. Аз рўйи гуфти Фарангис хабари марги Раъноро ба гўши ў ҳамсояи дугонааш Обидаи Баҳром расонидааст. Ҳамон Обидае, ки рўзи 20 сентябр чанд маротиба ба Собири Файз занг задаву рўзи 21 сентябр ҳамроҳи Зиёеву корманди хоҷагии манзилию коммуналӣ дари хонаи ҳамсояро шикаста буд.
– Хуш чӣ кас аст Обидаи Баҳром?
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ аз ҷузвдони чармин талабномаеро берун оварда, дар он ному насаби Обидаи Баҳромро бо нишон додани суроғааш ва мақсади санҷишро навишт. Шояд чунин амалро дар дохили нақлиёти шаҳрӣ ба анҷом расонидан бархилофи низомномаи идорааш буд, вале дар ҳамон вақт дар гирду атрофи ў касе ҳам набуд, чунки автобус аллакай ба истгоҳи охиринаш наздик мешуд ва қариб ҳамаи мусофирон онро тарк намуда буданд. Ў талабномаро ба ҷузвдон гузошта, дар рў ба рўи тарабхонаи «Сорбон» аз автобус фаромада, ба тарафи ғарб ҳар Маркази иттилоотии вазорат дар раёсати шаҳрии милиса ҷойгир буд. Абдумаҷидов ба мақсади ҳар чи тезтар пайдо кардани маълумот роҷеъ ба ҳолномаи се шахсе, ки таваҷҷуҳи ў ва ҳамкоронашро бедор карда буд, қадам гузошт.

пешина
аз 513
навбатӣ