Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун Қурбонов духтур аст, шояд ў гумони хабаркашҳоро бедор накардааст, вале шахси сеюмро низ касе надидааст, вагарна хабаркашҳо онро ба гўши Муродов мерасониданд. Шахси сеюм (дар ҳақиқат агар ў бошад) аз ҳамон бино берун нест, аз дил гузаронид Абдумаҷидов.
Баробари аз гардиш тоб хўрдани автобус мавқеи нишас - ти онҳо аз шарқ ба ғарб тоб хӯрд. Акнун офтоби тирамоҳӣ тарафи дигари салонро ба зери нурҳои хеш гирифт.
Мисли оне ки самти нишасти мусофирони дар нақлиёти шаҳрибуда дар зери бурҷҳои офтоб тағйир ёфт, мавҷи хаёлоти ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ аз ғарб ба сам шарқ тоб хўрд.
Се ё чор рўз пештар ў бо собиқ корманди милиса, ки дар айни вақт бархилофи касби пештараи хеш ҳимояи вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятиро ба душ гирифта буд, вохўрд. Аз рўи нишондоди Собири Файз ў Раънои Носирро ҳафтае пеш аз маргаш дар кассаи фурўдгоҳ дида будааст, ки барои кадом як дугонааш чипта мегирифтааст.
Пас он дугонааш кист ва чаро худаш нею Раънои Носирро барои чиптагирӣ фиристодааст? Шояд ин ҳама бофтаи хаёлоти худи Собири Файз бошад? Охир ў бархилофи ҳама овозаҳо бегуноҳии завҷаи меҳрубони қиблагоҳашро исбот намуда, ҳамагонро бовар мекунонад, ки Ёқуби Соиб дар рўи дастони ў ҷон додааст.
Раънои Носир аз рўйи хулосаи ташхиси тиббӣ - судӣ тахминан соатҳои бисту дую сӣ дақиқа то бисту чори шаби
19 ба 20 сентябр ба қатл расонида шудааст. Худи ҳамон шаб бояд Ҷўраев меҳмони ў мешуд, вале хабаркаши Муродов дар ин бора маълумот ба даст надорад. Ҷўраев ҳамон шаб ба он хонадон рафт ё не, маълум нест. Аз ҳама аҷибаш, сари субҳ Собири Файз завҷаи меҳрубони қиблагоҳашро ёд карда, ба ў занг задааст. Сабаби зангзаниаш ҳам аҷиб, гўё барои ў китоби «Таърихи Табарӣ» - ро ёфта будааст. Баҳонаеро бемазмунтар аз ин нашунидаам. Барои ҷавонзане чун Раънои Носир китоби «Таърихи Табарӣ» чӣ лозим. Умуман, ў фарсахҳо аз китобу китобхонӣ дур будааст. Рафту агар китобхон мешуд, ин қадар овозаҳо дар атрофи номаш аз куҷо сар мезад? Собири Файз бошад, ду пойро дар як мўза андохтанӣ шуда, собит кардан мехоҳад, ки мақсади занг заданаш танҳо ҳамон китоб буду бас.

пешина
аз 513
навбатӣ