Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Нақш ва мавқеи ҳар кадоме аз дўстони Раънои Носирро дар мизони ақл баркашид. Рўйи саҳна баромадани ду шиноси Раънои Носир аз кормандони милиса дарки масъулияти бештареро талаб мекард. Аммо аз чӣ бошад, ки ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ба гунаҳкории ҳарду нафаре, ки тайи ду – се рўзи охир рўи саҳна омада буданд, чандон боварӣ надошт. Сабаби дур афкандани ҳарду аз майдони набард ба мақоми ғолиб ин набудани мақсад ва пайваст нашудани гузаштаю ояндаи тарафҳо буд.
Ҳарчанд ровиёни ахбор ва суханварони бузурги дунё муҳаббатро оғоз ва анҷоми зиндагӣ арзёбӣ намудаанд, вале бе пайвастагии муайян ба чунин ҷинояти мудҳиш даст задани яке аз тарафҳо ғайри имкон буд.
Дар ҳодисаи мазкур ҳолати дигаре низ ба дифои гумонбаршудагон рӯӣи саҳна омад. Ин ҳолат надоштани уҳдадории байни тарафҳо буд. Абдумаҷидов тайи солҳои кор дар милиса на як бору ду бор шоҳиди ҳодисаҳои қасд ба ҷони ҳамдигар намудани ҳамсарони қонунӣ гардида буд. Балки санҷиши рафти ҳодисаҳо мақсад ва мароми гунаҳкорро собит намуда, бо далелҳои раднашаванда гуноҳи тарафи дигарро дар чаҳорчўбаи қонун муайян мекард. Ин ҷо бошад, тарафҳо дар назди ҳамдигар ягон уҳдадорие надоштанд ва маҳз ҳамин ҳолат кори тафтишотро барои мўйро аз хамир ҷудо намудан метавонист душвортар намояд.
Аз рўйи хабарҳои гирифтаи Муродов, Ҷўраев Шодӣ Муддинович ду моҳи охир баъди соатҳои бисту сеи рўзҳои душанбе ва панҷшанбе ба дари хонаи собиқ ҳамсоя ва ҳамсабақ ангушт мезадаст ва пеш аз бонги хурўс он кулбаро тарк менамудааст. Ба саволи вай ва Наврўз Умаров сарнозири минтақавӣ Муродов посухи аниқ гуфт, ки ҷавони зартеғӣ маҳз дар ҳамин ду рўзи ҳафта дар соатҳои муайяншуда меҳмони хонадони Раънои Носир мешудааст.
Пас саволе ба миён омад, ки рўзҳои боқимондаи ҳафта Раънои Носир сари кадом муаммоҳое «майна» об мекард?
Модоме ки ў барои ҷавони муҷаррад ҳамагӣ ду рўзи ҳафтаро ҷудо намуда будааст, ба гумон аст, ки барои марди оиладор Қурбонов дар назар аст, панҷ шаби боқимондаро ҷудо карда бошад. Ў боварии куллӣ дошт, ки дар суҳбати аввалин бо Қурбонов ва Ҷўраев ҳамин тарафи кор ҳалли хешро меёбад.
Аз ин бармеояд, ки ба ҷуз ин ду нафар Раънои Носир бо нафари сеюм низ дар робита будааст.

пешина
аз 513
навбатӣ