Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Субҳи рўзи душанбе баъди муоинаи навбатӣ ўро ба ҳуҷраи умумии беморхона гузаронидаанд. Ҷисми ҳанўз афгор, вале пурқуввати ҷавонмардро ду ҳамшираи шафқат болои аробачаи тиббӣ гузошта, ба воситаи лифт ба ошёнаи поён фароварданд ва аз он ҷо ба палатаи рақами 5 дароварданд. Ба ҷуз ў дар он ҳуҷра боз се нафар бемори дигар зери назорати духтурон буданд. Чун онҳо аз ҷой бархеставу дар дохили ҳуҷра гашту гузор мекарданд, ба хулосае омад, ки аҳволашон нисбат ба ў беҳтар аст. Лаҳзаи аввали омаданаш дилу бедилон ба чанд саволи он се нафар ҷавоб гуфту чашмонашро пўшид. Ҳамҳуҷраҳояш гумон карданд, ки ўро хоб бурдааст. Аммо ӯ саргузашти худ ва Раъноро мавриди таҳлил қарор дода буд:
“-Чаро хомўшӣ? - пурсид ӯ.
– Монда шудаам.
– То ба ҳадде ки фараи гапзанӣ ҳам надорӣ?
– Бале, - гуфт Раъно ва тоб хўрда, дастонашро дар гарданаш ҳалқа кард.
Муддате ҳамин хел хомўш онҳо дар оғўши ҳамдигар буданд ва ниҳоят Раъно хитоб кард:
– Шодӣ!
– Гўш мекунам.
– Ман дар қарз ғўтида рафтам.
– Чӣ хел қарз?
– Қарз барои он ки забони бадгўёнро бандам.
– Кист ў, гап зан?
– То ба ҳамин наздикӣ ман гумон доштам, ки ин кори Собири Файз ё Ғиёс аст.
– Ҳоло чӣ?
– Не, онҳо гуноҳ надоранд.
– Пас бигў кист вай?
– Ҳамсоя.
– Кадом ҳамсоя?
– Он касро намешиносӣ. Ҳоло ў дар ин ҷо зиндагӣ намекунад.
– Чӣ тавр дар ин ҷо зиндагӣ намекунад?
– Ҳамин хел.
– Пас чӣ тавр метавон ўро ҳамсоя номид?

пешина
аз 513
навбатӣ