Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ба фикрам, касе туро шантаж мекунад ё гапам нодуруст?
– Ҳа, дуруст.
– Он кас туро сари гуноҳе дастгир намуд?
– Ба фикрам, ҳамин хел аст.
– Ба фикратон, ё дар асл ҳамин хел аст?
– Бигузор гуфти ту шавад.
– Пас чӣ тавр ту ўро намешиносӣ?
– Ҳамин хел одӣ. Нафаре гуноҳи бандаро дар ҷояш дайн кард, вале ман аминам, ки ў ба чунин кор қодир нест.
– Боз аз кӣ домангиред?
– Аз нафаре, ки бандаро ба ҷиноят тела дод. Вале бовар намо, ман на қасдан, балки аз беэҳтиётӣ, дурусттараш, аз хунукназарии касбӣ дар содир намудани ҷиноят шарик шудам.
– Ҳоло ў дар куҷост?
– Дар иҳотаи зану фарзандонаш.
– Ва ту аз ў гумонбарӣ?
– Намедонам, намедонам.
– Аҷиб.
– Ман роҳгум задам.
– Ба ман бовар намо.
– Ман зудбоварам ва, ҳамин аст хатои ман.
– Шояд Салим ҳисобашро ба ту баробар карданист?
– Не. Ў акнун зану фарзанд дорад. Ба заммии ин, танҳо ману Салим ҷудо нашудаем – ку, чунин роҳгумзадагон чун мо лаки дар лаканд.
– Он ки ту гумонбараш ҳастӣ, дар ҷудошавии худату Салим муносибате дорад?
– Шояд.
– Ман ҷиддӣ мепурсам, чунки мехоҳам ба ту ёрӣ диҳам.
– Ҳа, ҳа, ҳа!
– Саманди ҷаҳлро аз худ дур кун, ба ростӣ, ман ба ту ёрӣ додан мехостам.
– Маро ба ҳоли худам гузор.
Ў месохт бигўяд, ки дирўз сарнозири минтақавӣ Муродов дар бораи муносибати онҳо ва кору бораш пурсон шуд, вале хомўширо алвотар донист. Аз чашми мардум ҳеҷ чиз пинҳон намемонад, аллакай кадом хабаркаше дар бораи муносибатҳои собиқ ҳамсояҳо ба милиса хабар дода буд.

пешина
аз 513
навбатӣ