Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Рўзҳои дигар Раъно ба чӣ корҳо машғул буд, барои ў то ҳанўз муаммост. Боре ў дар бораи ваъдаи Раъно ёдовар шуд.
– Магар ҳаминаш басанда нест, ки дар оғўши туям?
– Ҳамон шаб ҳам дар оғўшам будӣ, вале боз чӣ чизҳоеро чун ҷуброн ба ёд овардӣ.
– Ман ба ёрии ту эҳтиёҷ дорам, Шодӣ.
– Гап зан.
– То ман худам ин корро аниқ накунам, ҳаёти туро ба хатар гузошта наметавонам.
– Чӣ ягон кас туро таҳдид мекунад?
– Таҳдид ин кам аст, агар кор ҳамин хел давом кардан гирад, ман бе сарпаноҳ мемонам.
–Чаро ба милиса хабар намедиҳӣ?
– Метарсам.
– Аз кӣ?
– Аз ҳама.
– Аз ман чӣ?
– Ба ҷуз ту. Ту он вақт набудӣ, вагарна ҳоло аз ту ҳам метарсидам.
– Он, ки душманаш мехонӣ, дўсти хонадон аст?
– Намедонам. Дилам гувоҳӣ медиҳад, ки ҳамин хел аст.
– Магар барои чунин фикр асос ҳаст?
– Ҳаст ва боз чӣ хел?
– Пас чаро номи он гандумнамои ҷавфўруш фош насохтӣ?
– Ин ғайриимкон аст.
– Чаро?
– Метарсам, ба сари хеш бало наорам?
– Ман туро ҳеҷ намефаҳмам.
– Гуфтам - ку, вақту соаташ биёяд, ҳамаашро мефаҳмӣ.
– Ту ба ман бовар надорӣ?
– Ман қариб нисфи асрори хеш бароят кушодам, боз чӣ мехоҳӣ?
– Нисфи дигарашро.
– Он нимаашро, ман худам ҳам аниқ намедонам.
– Ман ҳамаашро фаҳмидам.
– Шояд мо ҳам шунавем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор