Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Гулбаҳор, ман суханамро гуфтам ва онро бо суханони ҳамон марди бузурги Шарқ, ки Ғарб ҳам ба номаш ифтихор дорад, қувват додам, боқӣ ихтиёр ба худат.
– Шуд, шуд, Роберт Иванович, агар ин қадар дилсўз бошед, беҳтар мешуд, ки домодро ба хостгорӣ мефиристодед.
– Домодро шумо ёбед, ба хостгори фиристоданашро ба душ мегирам.
– Ман ҳам ҳаракат мекунам.
Роберт Иванович набзи беморро тариқи фендинасткоп гўш карда, ба ҳамшираи шафқат баъзе супоришҳо дода аз ҷой бархест.
Чун ҳамшираи шафқат ҳамроҳи Иванов берун баромад, ў боз байни андешаҳои хеш монд…
“Хуш чӣ хел?” - ба ёд овард суханони Раъноро.
– Бад не.
– Чияш нағз?
– Ёлаҳоят.
– Тавре гап мезанӣ, ки гўё бори аввал ҷисми урёни занро дидаӣ.
– Чунин шабро ман даҳ сол боз интизор будам, худат бояд дар ёд дошта бошӣ, ки он бо кадом нархи гарон ба ман даст дод.
– Ба дил нагир. Ман ҳамаашро ҷуброн мекунам.
– Аз кадом ҳисоб, чӣ хел?
– Вақту соаташ ояд, ҳамаашро мефаҳмед.
– Ҳоло чӣ?
– Ҳоло вақти ин гапҳо нест, беҳтараш маро танг ба оғўш гир, то нафас дар гулўям дармонад.
Ў боз духтари ҳамсояро, ки замоне аз рўйи ў шуда, панҷ соли ҳаёташро қурбон кард, ба оғўш гирифт. Раънои Носир, ки баъди даҳ сол худро бе ягон муқобилият таслими собиқ бачаи ҳамсоя намуда буд, гўё нияти аз байни бозувони пурқуввати Шодии Муддин баромадан надошт. Ду моҳи охирин чунин шабҳо беҳисоб буд, вале ҳар як вохўриро худи Раъно таъин мекард. Шодӣ ҳафтае ду маротиба рўзҳои душанбе ва панҷшанбе соатҳои 23 ба кулбаи Раъно меомад.
Соҳибхона дар он лаҳза дарро кушода мемонд ва бачаи ҳамсоя бе ягон монеа худро ба хона мегирифт. Ба замми ин, ў боз калиде аз он хона дошт ва чун сари субҳ пеш аз садои хурўс хонаро тарк мекард, дарро аз берун маҳкам менамуд, то касе хоби маликаро нороҳат насозад.

пешина
аз 513
навбатӣ