Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Бад не.
– Имрўз ҳаво ҳам нағз. Дар ҳавои нағз бошад, табъи ҳама болида. Шаби гузашта пойҳои ман ҳам дард карданд.
Тезтар ба нафақа рафтан лозим.
– Ҳоли мо бе шумо чӣ мешавад? - гуфт ҳамшира.
– Эй, Гулбаҳор. Гулбаҳор, гўё ки намедонӣ.
– Чиро?
– Рафтанду равему боз оянду раванд.
– Зиндагӣ ҳамин аст, чӣ илоҷ.
– Фикри зиндагиро кардан лозим.
– Чиро дар назар доред?
– Чиро, чиро, о, тезтар ба шавҳар баромаданат лозим.
-Чӣ ман худам ба суроғи домод бароям?
-Когда Магомед не идёт к горе, гора идёт к Магомеду.”
– Роберт Иванович! - канӣ ҳамон домод, ки ман ба саҷдааш равам.
– Домодро бо нигоҳи дил дидан лозим.
– Дили ман аллакай сўзу шарарро гум кардааст.
– Ин бад аст, бад.
– Чӣ илоҷ ба дил амр кардан нашавад.
– Ҳа бача, бо мо ҳамфикр ҳастӣ?
– Маро илоҷи дигаре нест.
– Чаро илоҷи дигаре набудааст? - фикратро бемалол баён кардан гир.
– Наметавонам.
– Чаро?
– Чунки ман нафаҳмидам, ки Гулбаҳорбону чаро то кунун ба шавҳар набаромадааст?
– Набаромадааст?
– Гулбаҳор, ба саволи Шодибой ҷавоб деҳ.
– Ин ҳамааш хусусияти хоси шарқиёна аст.
«Бо чунин афту башараи хунук ва овози хиррӣ дар Ғарб ҳам мебудӣ, пирдухтар мемондӣ»,-аз дил гузаронд Шодии Мудин ва гуфт:
– Чӣ илоҷ Шарқ, Шарқ аст.
– Роберт Иванович, Шарқро нағз мефаҳмад, вале ҳеҷ не, ки аз ҳамин шўхиҳояш монад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор