Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Ин дафъа ў чун чашм кушод, сафедпўши дигареро болои сараш дид. Бархилофи он духтараки паричеҳраву он зани ҳалиму меҳрубон, ки ба модараш монанд буд, ҳамшираи навбатӣ аз қошу қавоқаш барфу борон мерехт. Аҷиб, инҳо чанд кас бошанд, мисли он ки куртаи сафедро иваз мекунӣ, ҳамшираҳоро низ дар ин даргоҳ ҳамон хел иваз мекарданд?
Ҳамшираи шафқати навбатдор аз нигоҳи аввал ба ў маъқул нашуд.
“Ба фикрам, пирдухтар аст,” - аз дил гузаронд бемор.
– Хуш, худатро чӣ хел ҳис мекунӣ? - ниҳоят пурсид ҳамшираи шафқат.
Гўё овози зан нею овози шамолхўрдаи марде ба гўшаш расид. Афташ ҳам хунук. Аҷаб ў чандсола бошад?
– Чӣ магар гўшҳоят вазнинанд? – овози хешро каме баландтар намуда боз пурсид ӯ.
Овози ҳамшира ин дафъа чун садои трактор дар гўшаш садо дод, гумон кард, ки садопардаҳои гўшаш дариданд.
– Шукр нағз.
– Ҳамааш нағз мешавад.
“Худо кори ҳеҷ кас ба милисаю духтур наафтад,”-аз дил гузаронд бемор.
– Чаро хомўшӣ? Гап зан охир, - ин дафъа бо табассуми малеҳтаре гуфт ҳамшираи шафқат.
– Чӣ гӯям?
– Чаро худатро эҳтиёт накардӣ?
– Аз тақдир роҳи гурез нест.
– Рост мегўӣ, вале эҳтиёт - ними ҳаёт гуфтаанд.
– Хайр, ҳамин хел шуд.
– Шукр гўй, ки зинда мондаӣ.
– Шукри бепоён он Худои покро.
– Минбаъд ҳангоми аз роҳ гузаштан эҳтиёт мекунӣ, - гуфт ҳамшира.
– Ба гумон аст.
– Чаро ин хел гапи куфр мегўйӣ?
– Чунки аз таҷрибаи рўзгор ҳеҷ баҳра нагирифтам, ки нагирифтам.
Ҳамшира боз чизе гуфтан мехост, вале дар кушода шуду духтури табобаткунанда вориди ҳуҷра гардид.
– Ҳа, Шодибой, саломатиат чӣ навъ? - пурсид Иванов.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор