Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Хайр чӣ? Нозири минтақавӣ ин хӯҷаини мутлақи минтақаи худаш ҳаст. Майлаш, ту ин ҷо бош, ман рафтам,- гўён Муродов ба тарафи дар ҳаракат кард.
– Рафиқ майор.
– Боз чӣ?
– Гапамро то охир гўш кунед.
– Гап зан.
– Онҳо аллакай бегуноҳии маро собит намуданд ва номи маро аз рўйихати гумонбаршудагони асосӣ хат заданд.
– Чӣ хел аз гумонбаршудагони асосӣ? Бори аввал ман чунин калимаро мешунавам.
– Манро ба рўйхати гумонбаршугони иловагӣ дохил намуданд.
– Инаш боз чӣ хел рўйхат аст?
– Чун онҳо қотилро наёбанд, маро ҳам гоҳ - гоҳ даъват намуда тергав мекунанд.
– Ҷустани қотил ин вазифаи худи мост.
– Ана, барои ҳамин бо прокуратура ҳамкорӣ кардан лозим.
– Алови чашматро гирифтанд - а?
– Чӣ хеле кӣ мебинед.
– Хайр гап зан, ки ман чӣ хизмат кунам?
– Ҳамон рўз баъди ман аз хона боз як нафари дигар ҳам баромадааст. Ана барои ҳамин маро ба рўихати иловагӣ гузарониданд.
– Яъне, ҳамон касро ёфтан даркор?
– Ҳа, агар ўро наёбам, аҷаб нест, ки ному насаби маро боз ба рўйхати аввала барнагардонанд.
-Хуш чӣ кас будааст вай шахси мегуфтагиат?
– Аз рўйи маълумоте, ки онҳо дар даст доштанд, ў кавалери1 Раънои Носир будааст.
– Ҳамон ҷавони нав аз Россия омада бошад - чӣ? Ҳа, як рўз ман ўро дар кўча дидам. Номашро ҳам дар куҷое навишта будам, - гўён Муродов аз нав ба сари мизи кориаш нишаст ва блокноти махсусашро, ки дар он тамоми сирру асрори кори хешро сабт мекард, ба даст гирифт.
1 Кавалер – ҷаҳдманди зан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор