Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Рафту агар зиндагӣ кунад - чӣ?
– Вай бояд соҳиби маълумоти олӣ бошад, синну солаш то чил ва новобаста аз маоши ночизи хеш зиндагии шоҳона дошта бошад.
– Ҳамааш ҳамин?
– Ҳамин. Рафту ҳамин кор ба худат даст диҳад, зинҳор ба ў наздик нашав.
– Чӣ хел наздик нашуда, ман ҳамаи маълумотро дар бораи вай ҷамъ оварам.
– Бо роҳи оперативӣ. Дар асоси хабару гузоришҳои шахсони дар алоқаи милисабуда.
– Акнун фаҳмидам, рухсат диҳед, аз пайи кор шавам?
– Рафту агар ягон ҳолатро муайян намудед, ҳатман занг занед.
– Хуб шудааст, – гўён лейтенанти милиса аз дафтари кории ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ берун шуд. Ў сараввал ба котибот рафта, ҳуҷҷатҳои ба номаш омадаро гирифт ва сипас ба пункти такягоҳи тартиботи ҷамъияти рақами 5 омад.
– Дар куҷо мегардед? - баробари ўро дидан бо қошу қавоқи гирифта пурсид сарнозири минтақавӣ.
– Дар идора будам.
– Ман ҳам он ҷо будам, вале худатро надидам.
– Чунки маро ба прокуратура ҷеғ зада буданд.
– Чӣ хел ба прокуратура? Ба кадом мақсад?
– Ба ҳайси гумонбаршуда.
– Чӣ?
– Ба ҳайси гумонбаршуда дар қатли Раънои Носир.
– Ту ба онҳо нафаҳмондӣ, ки…
– Магар онҳо инро мефаҳманд?
– Ба назди Воҳид Камол надаромадӣ?
– Магар аз даромадани ман ба он ҷо суде ҳаст?
– Илоҷи воқеа пеш аз вуқўъ гуфтанд, ман ҳозир худам ба назди шеф меравам, – гўён Муродов аз ҷой бархест. -Не, ман ин хел намемонам. Ин чӣ бедодгарӣ? Исто, ки чӣ хел аз худат гумонбар шудаанд?
– Як рўз пеш аз воқеа баромадани маро аз хонаи Раънои Носир касе дида будааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор