Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Чӣ илоҷ, модоме ки дигар имкон набошад? – гўён Зиёев аз ҷой бархест.
– Мо кўшиш мекунем, ки то нимаи дуюми рўзи душанбе ба ҳамаи саволи шумо ҷавобҳои саҳеҳ тайёр намоем, - ўро ором карданӣ шуда гуфт Миронова.
– Аминам. Хуш монед.
– То рўзи душанбе.
Зиёев аз бинои маъмурии беморхона берун шуда, муддате чӣ кор карданашро нафаҳмид. Ниҳоят аз телефон - автомат ба Абдумаҷидов занг зада, ўро аз нобарории кори хеш огоҳ сохт.
– Боке нест. Ба идора биё, бекор намемонӣ.
Зиёев дигар ҳарфе ба забон наоварда, гўшакро ба ҷояш гузошт ва ба тарафи роҳи калон баромад. Таксиеро боздошта, то пеши бинои милиса омад.
Абдумаҷидов дар иҳотаи коғазҳо монда буд ё ба назари нозири минтақавӣ Зиёев чунин намуд. Умуман, ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ тамоми коғазҳои дар истеҳсолот будаашро аз сейфи оҳанин болои мизи кориаш гузошта, ҳар кадомеро дар алоҳидагӣ варақ мезад.
– Ягон коғазро гум кардаед? - пурсид Зиёев баробари вориди ҳуҷраи кори ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ шуданаш.
– Намояндагони котиботи раёсати шаҳрӣ «режими махфиро» мавриди санҷиши хеш қарор доданд. Лаҳзае пеш онҳо ҳамаи ҳуҷҷатҳои дар истеҳсолотбудаи маро ҳам тагу рў намуданд. Акнун ҳуҷҷатҳоро ба тартиб дароварданиам, то онҳоро аз нав ба ҷояшон гузорам.
– Ягон камбудӣ ёфтанд?
– Бе камбудӣ ҳам намешавад, вале камбудии ҷиддӣ не.
Баъзе маслиҳатҳои муфид дода рафтанд.
– Ман хостам ба муфаттиш занг занам, вале ба ҷойи ў ба шумо занг задам.
– Бобо Самад дар тафтишот одами нав нест. Ў ҳам нағз мефаҳмад, ки чунин супоришҳоро яку якбора иҷро кардан ғайриимкон аст. Рўзи душанбе дар вақти таъйиншуда аз нав ба беморхонаи шаҳрӣ рафта, ҷавоби мактуби муфаттишро гирифта меоред. То он вақт бошад, дар маҳали ҷойи хизмататон фаҳмед, ки оё духтуре бо номи Ғиёс ҳаст ё не.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор