Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Лейтенанти милитса Зиёев дар нимаи дуюми рўз вориди бинои маъмурии беморхонаи шаҳрӣ гашта, рў ба рўи даре, ки дар болояш “Сардори шуъбаи қадрҳо Миронова Анастасия Юревна” навишта шуда буд, лаҳзае истода, сипас ба дар ангушт зад.
– Марҳамат, дароед, - шунид ў овози мулоими занонаеро ва дарро кушод.
Ў салом дода, вориди дафтари кории сардори шуъбаи кадрҳо гашт. Соҳиби утоқ зани чилу панҷ – панҷоҳсолае буд, ки дар тан пероҳани гулобӣ дошт. Умуман, ў зани резапайкар ва нуроние буд, ки чашмони осмонирангаш ба ҳуснаш ҳусни бештар зам мекард. Зиёев дар як мижа задан дафтари кории Мироноваро аз назар гузаронд. Дафтари корӣ аслан дар ошёнаи дуюм дар қисми ҷанубу шарқӣ, дар кунҷи бино ҷойгир буда, ду тиреза дошт, ки яке аз қисми шарқ ва дигаре аз қисми ҷануб кушода мешуд.
Дар зери ҳар тиреза мизи на чандон баланде ҷойгир буда, болои ҳар кадомашон панҷ - шаш гулдон меистод, ки худ шаҳодати завқи баланди Анастасия Юревна буд. Гулҳои тару тоза табъи ҳар бинандаро болида месохт ва шояд ҳамин ҳолат буд, ки Зиёев муддате чанд чашм аз он гулҳои зебо канда натавонист.
– Марҳамат гузашта шинед, – овоз рўшан кард соҳиби утоқ ва лейтенанти милитса ба яке аз курсиҳо рў ба рўйи тирезаи шарқӣ нишаста, аз ҷузвдони чармини сурх саҳфаеро бароварда, ба дасти соҳиби ҳуҷра дод.
Миронова айнакашро ба чашм гузошта, чашм болои лисон дўхта, лаҳзае пас онро болои миз гузошта пурсид:
– Ин Ғиёс ба шумо чӣ даркор?
– Намедонам, - кўтоҳ ҷавоб дод милиса.
– Мактуби расмиро мо то нимаи дуюми рўзи душанбе тайёр мекунем. Хоҳед омада гиред, нахоҳед мо онро тавассути шуъбаи алоқа мефиристем.
– Ҳеҷ имкон нест, ки онро то охири рўзи корӣ анҷом диҳед?
– Чун мактуб хабари расмиро мепурсад, мо ҳамин хел сарсарӣ ба он ҷавоб дода наметавонем. Беҳтар мешуд, ки то рўзи душанбе ба мо муҳлат медодед.

пешина
аз 513
навбатӣ