Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Соате пас Абдумаҷидов занг зад ва муфаттишро тариқи телефон ба рафти корҳои ҷустуҷўйӣ шинос намуд.
– Маълум мешавад, ки корҳо на ба он дараҷае баданд, ки ман гумон доштам.
– Намедонам шумо чӣ гумон доштед, вале баъди вохўрӣ бо Фарангиси Қодир мо ба ояндаи нек ва анҷоми неки асрори ниҳони Раънои Носир умед мебандем.
– Шояд ба прокуратура биёед, якҷоя сари ин масъала майна об мекардем.
– Соати 14.30 дақиқа аз Райёсати шаҳрӣ намоянда меояд, бинобар ҳамин моро имконияти аз ин даргоҳ баромадан нест.
– Пас Ғиёсро кӣ меҷўяд?
– Хуб мешуд, агар шумо ба номи сардухтури беморхонаи шаҳрӣ дар ин бора мактубе мефиристодед.
– Дер мешавад, дер.
– Набошад, шогирдро ба наздатон мефиристам.
– Кадомашро?
– Ҳамоне ки Фарангиси Қодир рози дили хешро кушодааст.
– Вай ному насаб надорад?
– Дорад ва шумо ўро нағз мешиносед.
– Хуш кӣ будааст?
– Лейтенант Зиёев.
– Ҳамоне, ки дарро шикаста буд?
– Худи худаш.
– Ҳамон рўз беҳуда ман ўро хафа кардам.
– Ў аз шумо домангир нест.
– Майлаш ўро фиристед, - гўён муфаттиш гўшаки телефонро гузошта, зери лаб гуфт: «Ба фикрам киштии мо «Секунҷаи Бермуд» - ро аз канораш гузашт.
– Ҳа, гузашт, чунки нохудои1 киштӣ Абдумаҷидо – шунид овозӣ қалбашро. «Бошад, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро», гӯён Бобо Самад парвандаи мазкурро аз сейф бароварда болои мизи кориаш гузошт...
1 Нохудо – капитани киштӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор