Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Чӣ илоҷ, - гўён Воҳид Камол пеш - пеш ва муфаттиш аз қафои ў вориди ҳуҷраи кории сардори милиса шуданд.
– Хуш, корҳо чӣ хел? – баробари ба курсӣ дар рў ба рўйи муфаттиш нишастан пурсид Воҳид Камол.
– Хуже некуда.
– Руҳафтода нашавед, дунё ба умед аст.
– Ду рўз боз Абдумаҷидовро надидам, маҳз барои ҳамин сари қадам ба ин ҷо омадам.
– Дирўз субҳ ў ҳамин ҷо буд. Баъди нисфирўзӣ ҳамроҳи лейтенанти Зиёев ба куҷое рафт ва дигар ман ҳам ўро надидам.
Навбатдор рухсат пурсида, хабар дод, ки Абдумаҷидов наомадааст.
– Чӣ хел наомадааст?
– Шаб аз ҳамин ҷо ҳамроҳи Наврўз Умаров соатҳои 20.30 дақиқа баромаданд. Наврўз Умаров ҳоло ҳамин ҷост, шояд ўро ҷеғ занам.
– Не, лозим нест, чун Абдумаҷидов пайдо шуд гўед, ки ба ман занг занад, - ба суҳбат нуқта гузоштанӣ шуд Бобо Самад.
– Албатта, мерасонам.
Муфаттиши прокуратура аз ҷой бархест.
– О, истед, як пиёла чойи маро ҳам гиред, - гуфт Воҳид Камол.
– Чой боқӣ, акнун рафтанам лозим,-гўён муфаттиш аз ҷой бархест ва сардори ШКД ўро то берун гусел кард.
Муфаттиш аз роҳ гузашта, пиёда ба тарафи прокуратура ҳаракат намуд. Ў ҳайрон буд, ки чаро Абдумаҷидов ин субҳ ба кор набаромадааст.
Дирўз Замиров оид ба ҳуқуқу вазифаҳои прокуратура ҳамчун мақомоти назоратӣ ба гўшаш хеле ваъз гуфт, вале ў нағз мефаҳмид, ки дар ҳоле ҳар як мақомот кӯрпаро ба тарафи худ кашидан гирад, некиеро интизор шудан ба гумон аст. Маҳз ба ҳамин хотир ў ин субҳ пеш аз ба кор омадан сараввал ба милиса даромад, чунки итминони комил дошт, ки ҳама мушкилотро дар муттаҳидӣ ҳал кардан осонтар аст.
Ў ба хулосае омад, ки асрори марги Раънои Носирро низ дар якҷоягӣ бо милиса ошкор хоҳанд кард.

пешина
аз 513
навбатӣ